Дар ду моҳ беш аз 13 ҳазор хориҷӣ шаҳрвандии Русия гирифт

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузаштан ба хазинаи аксРоссийский биометрический загранпаспорт
Российский биометрический загранпаспорт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазорати умури дохилаи Русия қайд кард, ки дар ҷойҳои пешсаф шаҳрвандони Қазоқистон, Тоҷикистон ва Арманистон қарор доранд
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Дар ду моҳи аввали соли 2022 беш аз 13 ҳазор нафар хориҷӣ, ки иштирокчиёни Барномаи давлатии мусоидат ба кӯчонидани ихтиёрии ҳамватанони бурунмарзӣ дар Федератсияи Русия буданд, шаҳрвандии Русияро гирифтанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳазор нафар зиёд аст.
Дар ин бора ба ТАСС дар маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Русия рӯзи душанбе дар посух ба дархости дахлдори ин ниҳод хабар доданд.
"Шаҳрвандии Русияро то 1 марти соли 2022 зиёда аз 13 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки иштирокчиёни Барномаи давлатӣ ё аъзоёни оилаҳои онҳоро соҳиб шудаанд", - гуфт манбаъ.
Вазорати умури дохила афзуд, ки "дар қабул ба шаҳрвандии Федератсияи Русия аз миёни категорияи зикршуда шаҳрвандони Қазоқистон, Тоҷикистон ва Арманистон мавқеъҳои пешсафро ишғол мекунанд."
Церемония вручения российского паспорта - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2022
Муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар гирифтани шаҳрвандии Русия пешқадаманд
Барномаи давлатии мусоидат ба кӯчонидани ихтиёрии ҳамватанони дар хориҷи кишвар муқими Федератсияи Русия бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2006 тасдиқ карда шудааст. Механизми онро ҳамватаноне истифода мебаранд, ки интихоби бошуурона барои истиқомати доимӣ дар Русия кардаанд.
Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ шаҳрвандони Тоҷикистон бештар аз дигарон шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд.
Танҳо шаҳрвандони Украина аз тоҷикон дар гирифтани шиносномаи Русия пеш гузаштаанд.
Тавре дар ин раёсат қайд шудааст, шаҳрвандии Русия барои шаҳрвандони ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ раванди ҷолиб боқӣ мемонад, ки ҳиссаи онҳо дар семоҳаи аввали соли 2022 97,2% ё 137,7 ҳазор нафарро ташкил додааст.
Дар ҳамин ҳол шаҳрвандони Тоҷикистон, ки тасмими русиягӣ шуданро гирифтаанд, 23,9 дарсадро ташкил додаанд.
Лентаи хабарҳо
0