Эрон аз толибон хостори таъмини амнияти комили намояндагиҳои кишвар дар Афғонистон шуд

© Sputnik / Руслан КривобокХосейн Амир Абдоллахиян, галава МИД Ирана
Хосейн Амир Абдоллахиян, галава МИД Ирана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Мақомоти Эрон дар гуфтугӯ бо сарпарасти Вазорати хориҷаи Афғонистони толибон хостори таъмини амнияти намоянгиҳои Эрон дар Афғонистон шуд
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Ҳусайнамири Абдуллоҳиён вазири умури хориҷаи Эрон ахиран даргуфтугӯи телефонӣ бо Амирхон Муттақӣ сарпарасти Вазорати хориҷаи Афғонистон бо ибрози нигарони аз амнияти намоянгиҳои Эрон дар Афғонистон, хостори иттихози тадобири амниятии комил барои ин маконҳо шуд.
Абдуллоҳиён аз таҳдидоти эҳтимоли нисбат ба сохтмони сафорати кишварамон дар Кобул ва сарконсулгариҳои ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҳирот, Мазоришариф, Қандаҳор ва Ҷалолобод ибзори нигарони кард ва хостори иттихози тадобири амниятии комил барои онҳо шуд.
Дар навбати худ Амирхон Муттақӣ сарпарасти Вазорати хориҷаи Афғонистон низ зимни табрик ба муносибати фарорасидани иди саиди Фитр ва ироаи арзобии худ аз таҳавуллоти амниятии Афғонистон, равобити дукишварро муҳим хонд.
Официальный представитель министерства иностранных дел Ирана Саид Хатибзаде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2022
Эрон: Толибон аз таъмини амният дар Афғонистон оҷиз мондаанд
Вай таъкид кард, ки душманони думиллат Афғонистон ва Эрон бо иқдомоти худ ба равобити дукишвар осеб ворид мекунанд.
“Ба шумо итминон медиҳем, ки нерӯҳои амниятии Афғонистон ба таври комил амнияти тамоми намояндагиҳои дипламати ва консулии Эрон дар Афғонистонро таъмин хоҳанд кард”, - гуфт Амирхон Муттақӣ.
Афғонистон дар чанд рӯзи гузашта шоҳиди инфиҷору ҳамалоти террористӣ дар манотиқи мухталифи ин кишвар аз ҷумла Кобул, масоҷиди Мазоришариф ва Қундуз шуда буд, ки садҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд. Аксари ин инфиҷорҳоро гурӯҳи террористии ДИИШ* бар уҳда гирфт.
* - Созмони террористии маманӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0