Раҷаббой аз сокинони Суғд хост дастархони серхарҷ ороста накунанд

© Sputnik Амир ИсаевПраздничный дастархан в Душанбе
Праздничный дастархан в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раиси вилояти Суғд аз суханронии қаблии роҳбари давлат иқтибос оварда, аз сокинон даъват намуд, ки аз оростани дастархони пурнозу неъмат худдорӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Дар вилояти Суғд низ ба мисли дигар минтақаҳои Тоҷикистон дар масҷиди ҷомеаи шаҳр намози Иди саиди Фитр хонда шуд.
Дар намози ид, ки дар масҷиди марказии Шайх Маслиҳатдини шаҳри Хуҷанд хонда шуд, раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода иштирок намуданд.
Бар хабари котиботи раиси вилояти Суғд, Аҳмадзода сокинонро бо Иди саиди Фитр табрик намуда, дархост кард, ки аз оростани дастрахони серхарҷ худдорӣ кунанд.
Раиси вилоят аз суханронии Эмомалӣ Раҳмон роҳбари давлат, ки гуфта буд:"ҳама гуна арзишҳои инсондӯстонаву ваҳдатсози фарҳанги миллӣ ва диниамонро ба манфиати оромии ҷомеа ва суботи Ватани азизамон дуруст ва ҳадафмандона истифода баранд”, иқтибос овард.
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2022
Путин мусулмононро бо анҷоми моҳи Рамазон табрик гуфт
Дар идома Аҳмадзода зикр намуд, ки дар ин моҳи муборак ба ҷо овардани фаризаву суннатҳои динӣ, анҷом додани корҳои нек, аз ҷумла хайру саховат, дасти ёрӣ дароз кардан ба ятимону маъюбон ва камбизоату муҳтоҷон аз сифатҳои хубу инсондӯстонаи ҳар як фарди некхоҳу некандеш маҳсуб меёбад.
Ӯ зикр намуд, ки дар шароити нооромии авзои дунёи имрӯза сокинони вилоятро зарур аст, ки бо истифода аз рӯзҳои мусоиди баҳорӣ софдилонаву аҳлона заҳмат кашида, ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода баранд ва дар фаровонии бозори истеъмолӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар ҳиссаи сазовор гузоранд.
Маврид ба зикр аст, ки рӯзи 2 май мусалмонон анҷоми моҳи шарифи Рамазонро таҷлил мекунанд.
Иди Фитр яке аз ду иди муқаддас дар дини Ислом ба ҳисоб меравад. Дар ин рӯз мардуми мусалмон баъд аз адои намози ид, тибқи анъана ба зиёрати қабрҳои наздиконашон рафта, сипас ба табрики хешовандон ва дӯстони худ машғул мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0