Русия беш аз 100 нафарро аз "Азовстал" берун кард

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкПродолжается освобождение Мариуполя
Продолжается освобождение Мариуполя - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2022
Обуна шудан
Вазорати мудофаи Русия мегӯяд, дар ҷараёни амалиёте, ки 30 апрел ва 1 май дар қаламрави "Азовстал" сурат гирифт, теъдоди зиёди ғайринизомиён кӯчонида шуданд
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Вазорати дифои Русия хабар дод, ки дар ду рӯз беш аз сад нафар аз ҳудуди корхонаи металлургии “Азовсталкӯч дода шуданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи амалиёти озод кардани шаҳрвандони дар дасти миллатгароён боздоштшуда, рӯзи 30 апрел 21 нафар корхонаро тарк карда ва ҳамчунин 25 нафари дигар аз хонаҳои дар наздикии корхона воқеъбуда, баромаданд. Ҷамъан ҳамаи 46 нафари озодшуда ихтиёран дар Ҷумҳурии мардумии Донетск боқӣ монданд.
Зимнан, дар рӯзи дуюми амалиёт - 1 май, боз 80 шаҳрванди дигар аз ҳудуди корхона наҷот дода шуданд, ки бо хобгоҳ, ғизо ва кумаки зарурии тиббӣ таъмин карда шуданд.
"11 нафар шаҳрвандони озодшуда ихтиёран тасмим гирифтанд, ки дар ҶМД бимонанд", - гуфтанд дар вазорат.
Илова бар ин, 69 нафар тасмим гирифтанд, ки ба қаламрави таҳти назорати мақомоти Киев бираванд. Онҳо ба намояндагони СММ ва Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх супурда шуданд.
Тавре дар департамент зикр карданд, кортеж аллакай ба самти Запороже ҳаракат дорад ва бехатарии он дар роҳ аз ҷониби низомиёни Русия таъмин карда мешавад.
Президент РФ В. Путин провел заседание Совбеза РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Путин дар бораи сарнавишти ҷангҷӯён дар "Азовстал" гуфт
Нерӯҳои Русия ва нерӯҳои ҶМД рӯзи 7 март Мариуполро муҳосира карданд ва рӯзи 21 апрел вазири дифоъ Сергей Шойгу эълом кард, ки шаҳр комилан озод шудааст, аммо беш аз ду ҳазор ҷангҷӯёни гурӯҳи миллатгароёни "Азов"(алайҳи ҷангиёни ин гурӯҳ дар Русия парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст) дар корхонаи “Азовстал” боқӣ мондаанд.
Бо фармони раисҷумҳури Русия Владимир Путин, ҳамла ба минтақаи саноатӣ лағв карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0