Сипоси Карзай аз Эрон барои кумак ба мардуми Афғонистон

© Sputnik / P. MamaghaniБывший президент афганистана Хамид Карзай
Бывший президент афганистана Хамид Карзай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раисҷумҳурии пешини Афғонистон аз вазири умури хориҷаи Эрон аз ҳамкориҳо ва кумакҳои Теҳрон ба мардуми афғон барои убур аз мушкилоти кунунӣ қадрдонӣ кард
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Ҳомид Карзай, раисҷумҳурии пешини Афғонистон дар гуфтугӯи телефонӣ бо Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, иди саиди Фитрро ба миллату давлати Эрон ва ӯ табрик гуфт
Оқои Казай аз ҳамкориҳо ва кумакҳои кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла Эрон ба мардуми Афғонистон барои убур аз мушкилоти кунунӣ қадрдонӣ кард.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ин тамоси телефонӣ Ҳомид Карзай бо ишора ба ҳаводиси террористии ахир дар Афғонистон, зимни маҳкум кардани терроризм, ки мардуми бегуноҳро ҳадаф қарор дода, ояндаи Афғонистонро дар ҳамкорӣ ва ҳамроҳии тамоми ақвому ақшори мухталифи мардуми Афғонистон бо якдигар донист.
Хосейн Амир Абдоллахиян, галава МИД Ирана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2022
Эрон аз толибон хостори таъмини амнияти комили намояндагиҳои кишвар дар Афғонистон шуд
Вазири умури хориҷаи Эрон дар навбати худ дар ин гуфтугӯи телефонӣ аз масъулон ва тамоми мардуми Афғонистон, аз даргоҳи Худованди мутаол хоҳони сарбаландӣ, рифоҳ ва шодии мардуми Афғонистон шуд.
Амирабдуллоҳиён ҳамчунин ибрози умедворӣ кард, бо суръат бахшидан дар раванди ташкили давлати фарогир ва мубориза бо терроризм, заминаҳои ҳамкории Афғонистон бо ҳамсоягон ва дигар кишварҳои минтақа густариш ёбад.
Лентаи хабарҳо
0