Дар Туркия Зеленскийро "масхарабози аблаҳ" гуфтанд

© Sputnik / Стрингер / Гузаштан ба хазинаи аксДебаты кандидатов в президенты Украины
Дебаты кандидатов в президенты Украины - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Собиқ вакили Туркия, раисҷумҳури Украинаро пас аз изҳороташ дар бораи сайёҳони рус "масхарабози аблаҳ" номид
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Собиқ вакили парлумони Туркия аз Ҳизби ҳокими Адолат ва Рушд Шамил Тайяр ба изҳороти Владимир Зеленский дар бораи сайёҳони рус дар Туркия вокуниши шадид кард.
Қаблан Зеленский дар мусоҳиба бо телевизиони ҷамъиятии Юнон ERT гуфта буд, ки қабули сайёҳон аз Русияро барои Туркия ғайриқобили қабул мешуморад.
Ба гуфтаи Зеленский, "инҳо стандартҳои дугона" ва "беадолатӣ" мебошанд.
Обломки украинской ракеты Точка-У в Донецке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2022
Вакили пешини Рада: Зеленский ҷинояткор аст
Тавре Тайёр дар Твиттери худ қайд кард, Зеленский "аз Туркия хафа шуд" ба далели он ки шаҳрвандони Русия дар барои сайёҳат ба Туркия мераванд. Ба андешаи ӯ, ҳангоми мусоҳиба бо шабакаи юнонӣ Зеленский "сафсата мегуфт".
Дар идома ӯ президенти Украинаро "масхарабози аблаҳ" номид.
Қаблан, вакили пешини Радаи Украина Олексей Журавко, Владимир Зеленский, раисҷумҳури феълии Украинаро ҷинояткори низомӣ хонд ва гуфт, омодааст, ки дар додгоҳи Нюрнберг ба зидди ӯ шоҳидӣ диҳад.
"Зеленский ҷинояткори низомӣ, террорист аст, вай аҳолии худро ба қатл мерасонад, дар ҳоле ки бевосита Русияро дар ин кор гунаҳкор медонад. Ин як одами зишт аст. Ман бовар дорам, ки мо бояд як додгоҳи Нюрнберг дошта бошем ва ҳамаи ҷинояти низомии ӯро баррасӣ намуда, муҷозоташ кунем", - гуфт ӯ ба хабаргузории РИА “Новости”.
Володин мегӯяд, Украина бояд ҳамчун як давлати террористӣ эътироф шавад
Маврид ба зикр аст, ки Русия баъди эътирофи истиқлоли ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганск барои ҳимояи аҳолии Донбасс, 24 феврал аз оғози амалиёти низомӣ дар Украина хабар дод.
Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Лентаи хабарҳо
0