Захарова ҳадафи сафари Ҷолӣ ба Украинаро ошкор кард

© AFP 2022 / Jemal Countess/Getty ImagesАктриса Анджелина Джоли на сессии Совбеза ООН
Актриса Анджелина Джоли на сессии Совбеза ООН  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Русия бар ин бовар аст, ки сафари Анҷелина Ҷолӣ ба Украина барои дур кардани таваҷҷӯҳ аз "Азовстал" ташкил шудааст
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Мария Захарова, сухангӯи вазорати хориҷаи Русия гуфт, сафари ҳунарпешаи амрикоӣ Анҷелина Ҷолӣ ба Лвов ба хотири дур кардани таваҷҷуҳ аз авзоъ дар атрофи "Азовстал" дар Мариупол аст.
Вай қайд кард, ки миллатгароёни Киев ду ҳафта боз мардуми осоиштаро дар "Азовстал" гаравгон нигоҳ медоранд ва ба тарки онҳо монеъ мешаванд.
Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ видео паҳн гардид, ки Анҷелина Ҷолӣ дар яке аз қаҳвахонаҳои Лвов дар иҳотаи мухлисонаш қарор дошт.
Президент РФ В. Путин провел заседание Совбеза РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Путин дар бораи сарнавишти ҷангҷӯён дар "Азовстал" гуфт
Ба гуфтаи намояндаи расмии ВКХ Русия, ҳадафи сафари Ҷолӣ амалӣ шуд – тамоми таваҷҷуҳи матбуоти ҷаҳонӣ аз чизи асосӣ дур карда шуд.
Захарова ёдовар шуд, ки дар тӯли ин муддат вазорати дифои Русия пайваста долонҳои башардӯстона эълон карда, ба онҳое, ки қаламрави "Азовстал" -ро тарк мекунанд, ба онҳо зинда мондан кафолат дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, ҳамла ба "Азовстал"-ро ғайримақсаднок хонда буд. Сарвари давлат инчунин бефоида будани ҳамларо бо зарурати ҳифзи ҳаёт ва саломатии низомиёни Русия асоснок кардааст.
Лентаи хабарҳо
0