Боздошти нозири андоз барои порагирӣ аз соҳибкоре, ки хостаст, фаъолиятро қатъ кунад

© Sputnik / Сергей ГунеевПортфель, архивное фото
Портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Соҳибкоре, ки мехостааст, фаъолияташро дар шаҳри Ваҳдат қатъ кунад, дучори фасодкории нозири андоз шудааст, хабар дод Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Нозири андоз дар он муттаҳам мешавад, ки барои қатъи фаъолият аз соҳибкор 5 ҳазор сомонӣ гирифта, боз овардани 5 ҳазор сомонии дигарро талаб кардааст.
Ба иттилои Агентии мубориза бо коррупсия, ба ин ниҳод шаҳрванд "А" муроҷиат карда, арз доштааст, ки мутахассиси пешбари Нозироти андоз дар шаҳри Ваҳдат, барои қатъ намудани фаъолияти соҳибкорӣ аз ӯ 10 ҳазор сомонӣ талаб кардаст.
Муроҷиаткунанда таъкид намудаст, ки масъули андоз аз маблағи талабнамудааш 5 ҳазор сомониро гирифта, овардани пули боқимондаро талаб намуда истодааст.
Мақомот мегӯянд, дар пайи чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ нозири муттаҳам баъди аз шаҳрванд "А" гирифтани 5 ҳазор сомонӣ сомонӣ дар утоқи кориаш дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ёфта гирифта шуд.
Конверт с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2022
Оҷонсӣ ду корманди як ҷамоатро баъди гирифтани пора боздошт кард
Манбаъ афзуд, ки алайҳи муттаҳам бар асоси моддаи 319 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда оғоз гардида, бо тасдиқи фикри айбдорӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.
Қарори додгоҳ ва назари худи муттаҳам ё ҷониби ҳимояаш дар бораи ин қазия феълан маълум нест.
Ошкори ҳолати фасодкорӣ зимни қатъи фаъолияти соҳибкорӣ дар ҳолест, ки бар асоси омори расмӣ дар Тоҷикистон тайи семоҳаи аввали соли равон беш аз 7,3 ҳазор субъекти хоҷагидорӣ корашонро қатъ кардаанд.
Таъкид шудаст, ки аз миёни субъектҳои хоҷагидории фаъолияташон қатъшуда, 319 ададашон шахсони ҳуқуқӣ ва беш аз 7 ҳазорашон соҳибкорони инфиродӣ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0