Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Интиқоли даҳҳо тонна кумаки башардӯстонаи низомиёни Русия ба Харков

© Sputnik / Taisia Liskovets / Гузаштан ба хазинаи аксАвтомобили службы МЧС РФ с гуманитарной помощью для населения Харьковской области на пограничном пункте России с Украиной
Автомобили службы МЧС РФ с гуманитарной помощью для населения Харьковской области на пограничном пункте России с Украиной - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар баробари маҳсулот ҳайати тиббии нерӯҳои Русия ба сокинон дар вилояти Харков машваратҳои касбӣ дода, онҳоро бо доруворӣ таъмин намудаанд
ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Низомиёни Русия беш аз 40 тонна маҳсулотро чун кумаки башардӯстона ба вилояти Харков дастрас кардаанд, хабар дод Вазорати мудофиаи ФР дар саҳифааш дар "Telegram".

"Хидматчиёни ҳарбии Русия кумаки тиббӣ расонда зиёда аз 40 тонна борро ба сокинони вилояти Харков тақсим намуданд", - омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудааст, дар баробари машваратҳо, ки табибони низомӣ анҷом додаанд, сокинони маҳаллӣ ҳамчунин дорувориии заруриро низ гирифтанд.
Манбаъ афзуд, кумаки башариро пеш аз ҳама ба оилаҳое тақсим кардаанд, ки кӯдак доранд.
Интиқоли кумакҳои башардӯстона ба қаламрави Украина дар ҳолест, ки ҳамарӯза ҳазорҳо нафар аз ин кишвар ва ҷумҳуриҳои Донбасс ба қаламрави Русия паноҳ мебаранд.
Дар маҷмуъ, бар асоси омори расмӣ, шумораи гурезаҳо аз Украина ва Донбасс дар Русия зиёда аз 1 млн нафарро ташкил медиҳад. Аз ин шумора наздики 190 ҳазор нафарашон кӯдак мебошанд.
Азовсталь  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2022
Нақзи низоми хомӯшӣ дар "Азовстал"
Ба ҳолати охири апрел кумаки яквақта дар ҳаҷми 10 ҳазор рубл ба зиёда аз 120 ҳазор гуреза пардохт гардида, аз 223 ҳазор гуреза дархости кумак ворид шудааст.
Интиқоли васеи шаҳрвандон аз Донбасс нимаи моҳи феврали соли равон дар пасманзари ташаннуҷи вазъ дар ин минтақа оғоз гардид. Баъдан Русия истиқлоли ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганскро эътироф карда, 24 феврал дар Украина амалиёти низомии махсусро оғоз кард.
Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Лентаи хабарҳо
0