Эрдуғон аз Тоҷикистон боздид мекунад

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Замони сафари президенти Туркия ба Тоҷикистон ҳоло маълум нест, муҳлатҳои мушаххаси ин сафар бо роҳҳои дипломатӣ ҳамоҳанг хоҳанд шуд
ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Кишвардори Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз Тоҷикистон боздид хоҳад кард.
Дар ин бора зимни суҳбати телефонии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои туркаш Раҷаб Тайиб Эрдуғон мувофиқа шудааст.
Бино ба гузориши котиботи президенти Тоҷикистон, дар оғози суҳбат раҳбарони ду кишвар ба муносибати Иди саиди Фитр якдигарро табрик гуфтаанд.
Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Туркия некӯаҳволӣ, файзу баракот ва шукуфоии рӯзафзун орзу намудааст
Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои рӯзмарраи рушду тавсеаи ҳамкориҳои гуногунпаҳлуи Тоҷикистону Туркия дар соҳаҳои мухталифи мавриди эҳтимоми тарафайн баррасӣ шудааст.
"Ҷонибҳо қаноатмандии худро аз сатҳу муҳтавои ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, арсаи амниятӣ ва дигар самтҳои ҳамкорӣ иброз доштанд", - омадааст дар хабарнома.
Президентҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилаливу минтақавӣ мубодилаи афкор кардаанд.
Созиши Тоҷикистон бо Туркия барои ҳамкории низомӣ
Дар поёни суҳбати телефонӣ, кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Раҷаб Тайиб Эрдуғон даъват кардааст, ки бо сафарӣ расмӣ ба Тоҷикистон ояд.
Дар ин росто мувофиқа шудааст, ки муҳлатҳои мушаххаси ин сафар бо роҳҳои дипломатӣ ҳамоҳанг хоҳанд шуд.
Лентаи хабарҳо
0