Гирифтории қариб 5,5 ҳазор ва фавти 125 нафар аз коронавирус дар Русия

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузаштан ба хазинаи аксТуристы гуляют по Красной площади в Москве
Туристы гуляют по Красной площади в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Теъдоди бемороне, ки бо коронавирус дар беморхонаҳои Русия тайи шабонарӯзи охир бистарӣ шудаанд, афзоиш ёфта, шифоёфтаҳо кам шудаанд
ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Тайи як шабонарӯзи охир дар Русия қариби 5,5 ҳазор ҳолати наври гирифторӣ ба COVID-19 сабт шудааст, хабар доданд дар Ситоди оперативии мубориза бо коронавирус дар кишвар.

"Дар маҷмуъ 5 ҳазору 466 ҳолати мубталошавӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуда, 125 нафар аз ин маризӣ фатвиданд", - омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудаст, ки аз шумораи умумии муталошудаҳо 1 441 дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
"Шумораи бистаришудаҳо дар шабонарӯзи охир дар қиёс бо нишондоди рӯзи пешӣ 25% зиёд шудаст", - изҳор дошт манбаъ.
Ситод илова намуд, ки афзоиши бистарисозии гирифторони коронавирус дар 45 субъект ба қайд гирифта шуда, коҳиши беморӣ дар 28 минтақа сабт гардидаст. Вазъият дар 12 музофоти дигари Русия бетағйир боқӣ мондаст.
Инчунин дар шабонарӯзи гузашта баъди табобат аз коронавирус 7 ҳазору 52 нафар шифо ёфтаанд, ки 6% камтар дар қиёс бо омори 2 май мебошад.
Пассажиры на платформе вокзала в масках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2022
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Вазорати тандурустии Русия замони хуруҷи нави COVID-19-ро гуфт
Ин дар ҳолест, ки вазири тандурустии Русия, Михаил Мурашко ҳушдор дод, ки моҳи июн хатари афзоиши ибтило ба коронавирус баланд аст ва аз шаҳрвандон даъват намуд, ки моякӯбӣ кунанд.
"Ҳоло эмгузаронии такрорӣ хеле муҳим аст, зеро тибқи пешгӯиҳои мо, дар моҳи июн, охири моҳи май, шояд дар моҳи июн хатари зиёд шудани беморӣ баланд аст, зеро иммунитети оммавӣ паст мешавад", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи вазир, то дубора зуҳур кардани мавҷи беморӣ мунтазир нашуда, ба пешгирӣ машғул шудан лозим аст.
Қаблан раиси "Роспотребнадзор" Анна Попова ҳушдор дода буд, ки бо вуҷуди коҳиши мизони бемории COVID-19 дар Русия, пандемия то ҳол хотима наёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0