https://sputnik-tj.com/20220503/medvedev-zelenskiy-sulh-ukraina-darkor-1048150831.html
Медведев: Ба Зеленский сулҳ дар Украина даркор нест
Медведев: Ба Зеленский сулҳ дар Украина даркор нест
Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия аз нақшаҳои аслии раҳбари Украина барои ояндаи кишвар ва тасмимҳои геополитикӣ гуфт, ки сулҳ дохили он нест
2022-05-03T15:30+0500
2022-05-03T15:30+0500
2022-05-04T21:02+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
сиёсат
дмитрий медведев
владимир зеленский
украина
созиш
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/01/1043199380_0:0:3047:1714_1920x0_80_0_0_f5b2e630aec8afb6d821fb463d8eb5b2.jpg
ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Созишномаи сулҳ бо Русия барои раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский ба маънои поёни низоми таҳти роҳбарии ӯ хоҳад буд. Ин нуктаро муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии "Telegram" баён доштаст. Сиёсатмадори Русия мегӯяд, барои Зеленский сулҳ ин поёни кор аст ва тавзеҳ додааст, ки агар созиш кунад, корашро миллатгароҳо зуд ба охир мерасонанд. Гузинаи дуюм нисбатан дертар амалӣ мешавад, рақибонаш барои сарнагунии ӯ даст хоҳанд ёфт, афзуд Медведев. Ноиби Шӯрои амнияти Русия изҳори бовар намудааст, ки Владимир Зеленский минбаъд низ сиёсати пешгирифтаи либералияшро идома хоҳад дод. Раҳбари Украина, ба гуфтаи муовини раиси Шӯрои амнияти Русия, ҳамчунин мунтазам ғамғорӣ дар ҳақи украиниҳоро низ вонамуд мекунаду аз онҳо чун сипари зинда ба дифоъ аз бандеровиҳо истифода мекунад. Маврид ба зикр аст, ки Русия баъди эътирофи истиқлоли ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганск барои ҳимояи аҳолии Донбасс, 24 феврал аз оғози амалиёти низомӣ дар Украина хабар дод.Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
https://sputnik-tj.com/20220503/nashri-navor-amaliyoti-bombafkan-ukraina-1048149177.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/01/1043199380_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_e0da0b91905736fa8977894300b507c0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
дар русия, сиёсат , дмитрий медведев, владимир зеленский, украина, созиш
Медведев: Ба Зеленский сулҳ дар Украина даркор нест
15:30 03.05.2022 (Навсозишуда: 21:02 04.05.2022) Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия аз нақшаҳои аслии раҳбари Украина барои ояндаи кишвар ва тасмимҳои геополитикӣ гуфт, ки сулҳ дохили он нест
ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Созишномаи сулҳ бо Русия барои раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский ба маънои поёни низоми таҳти роҳбарии ӯ хоҳад буд.
Ин нуктаро муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии "Telegram" баён доштаст.
Сиёсатмадори Русия мегӯяд, барои Зеленский сулҳ ин поёни кор аст ва тавзеҳ додааст, ки агар созиш кунад, корашро миллатгароҳо зуд ба охир мерасонанд. Гузинаи дуюм нисбатан дертар амалӣ мешавад, рақибонаш барои сарнагунии ӯ даст хоҳанд ёфт, афзуд Медведев.
Ноиби Шӯрои амнияти Русия изҳори бовар намудааст, ки Владимир Зеленский минбаъд низ сиёсати пешгирифтаи либералияшро идома хоҳад дод.
"Зеленский минбаъд низ аз Ғарб пулу силоҳ канда, собит карданӣ мешавад, ки ӯ дар бозист ва охирин қалъаи демократияи аврупоист, ки хирси ватникпӯш мехоҳад нобудаш кунад", - навиштаст Медведев.
Раҳбари Украина, ба гуфтаи муовини раиси Шӯрои амнияти Русия, ҳамчунин мунтазам ғамғорӣ дар ҳақи украиниҳоро низ вонамуд мекунаду аз онҳо чун сипари зинда ба дифоъ аз бандеровиҳо истифода мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки Русия баъди эътирофи истиқлоли ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганск барои ҳимояи аҳолии Донбасс, 24 феврал аз оғози амалиёти низомӣ дар Украина хабар дод.
Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.