Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Оташкушоӣ аз тӯпу авиатсия: дар "Азовстал" чӣ мегузарад?

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкДым над заводом "Азовсталь" в Мариуполе
Дым над заводом Азовсталь в Мариуполе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2022
Обуна шудан
Нерӯҳои украинӣ бо истифода аз низоми хомӯшии эълоншуда аз таҳхонаҳо баромада, мавқеъҳои мувофиқ барои оташкушоиро гирифтаанд, иттилоъ доданд мақомоти Русия
ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Феълан мавқеъҳое, ки нерӯҳои украинӣ дар "Азовстал" барои оташкушоӣ гирифтанд, ҳадаф қарор дода шудаанд, хабар дод РИА "Новости" аз қавли Вадим Астафев, масъули дафтари матбуотии Вазорати мудофиаи Русия.
Ба иттилои Астафев, нерӯҳои украинӣ бо истифода аз низоми хомӯшии эълоншуда аз таҳхонаҳо берун шуда, мавқеъҳои мувофиқ барои оташкушоиро ишғол кардаанд.
"Мавқеъҳои оташкушоиро дар қаламрави "Азовстал" ва бинои корхона гирифтаанд. Айни ҳол воҳидҳои артиши Русия ва Ҷумҳурии Донетск бо истифода аз алтиллерия ва авиатсия ба нобудсозии ин мавқеъҳо пардхтаанд", - изҳор доштааст ӯ.
Хабарнигори РИА "Новости" аз Мариупол хабар додаст, ки дар ҳудуди "Азовстал" садои оташкушоӣ аз тӯпҳо ба гӯш мерасаду дар болои корхона дуди сиёҳ баланд шудааст.
Председатель Единой России, заместитель председателя Совета безопасности РФ Дмитрий Медведев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Медведев: Ба Зеленский сулҳ дар Украина даркор нест
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои мақомоти Русия, дар пайи роҳандозии низоми хомӯшӣ тайи рӯзҳои охир садҳо нафар аз қаламрави "Азовстал" берун карда шуданд. Аз беруншудаҳо бархеяшон тасмим гирифтаанд, дар Донбасс бимонанду гурӯҳи дигар рафтан ба қаламрави таҳти назорати Киевро ихтиёр намудаанд ва чунин имкон фароҳам шудааст.
Маврид ба зикр аст, нерӯҳои Русия ва нерӯҳои ҶМД рӯзи 7 март Мариуполро муҳосира карданд ва рӯзи 21 апрел вазири дифоъ Сергей Шойгу эълом кард, ки шаҳр комилан озод шудааст, аммо беш аз ду ҳазор ҷангҷӯи гурӯҳи миллатгари "Азов"(алайҳи ҷангиёни ин гурӯҳ дар Русия парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст) дар корхонаи “Азовстал” боқӣ мондаанд.
Бо фармони раисҷумҳури Русия Владимир Путин, ҳамла ба минтақаи саноатӣ лағв карда шуд. Ӯ гуфт, ба муҳосирашудаҳо бори дигар пешниҳод карда шавад, ки силоҳро ба замин гузоранд ва таъкид намуд, ки бархӯрд бо онҳо бар асоси меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ сурат мегираду ба маҷруҳон кумак расонда хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0