Дар ноҳияи Шуғнон тандиси сарбози номаълум гузошта мешавад

© Sputnik Амир ИсаевВид на город Хорог, ГБАО. Архивное фото.
Вид на город Хорог, ГБАО. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Муҷассамаи мазкур бахшида ба 77-солагии Рӯзи ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ифтитоҳ гардида, бо мақсади пос доштани хотираи фарзандони шуҷоъ гузошта мешавад
ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Дар маркази ноҳияи Шуғнон тандиси сарбози номаълум бунёд карда шуд, ки дар остонаи Рӯзи ғалаба ифтитоҳ мешавад.
Дар ин бора ба АМИТ "Ховар" дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон хабар додаанд.
Тибқи гузориши манбаъ, муҷассамаи мазкур бахшида ба 77-солагии Рӯзи ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ифтитоҳ мегардад.
Ин тандис ба мақсади пос доштани хотираи фарзандони шуҷои Ватан ва ғамхорӣ дар ҳаққи онҳое, ки ба хотири ҳимояи Ватан ва зиндагии осудаи наслҳои имрӯзу ояндаи халқи тоҷик ҷонбозиву фидокориҳо кардаанд, бунёд мегардад.
Ҳукумати Суғд барои таҷлили Рӯзи ғалаба ним миллион сомонӣ ҷудо кардааст
Муҷассама бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон бунёд гардидааст.
Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939-1945) аз рӯи миқёсу ҷуғрофияи набардҳояш пурдаҳшаттарин ҷанг дар таърихи инсоният арзёбӣ гардида, дар он беш аз 70 давлати ҷаҳон иштирок намудаанд.
Амалиёти ҳарбӣ дар ҳудуди 40 давлати ҷаҳон доман густурда буд. Дар ин ҷанги хонумонсӯз 110 миллион нафар сарбозу афсар аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба майдони набардҳо сафарбар гардида, дар озод намудани халқҳои гуногуни Аврупо аз зери асорати фашизм саҳми бузург гузоштанд.
Парад Победы 9 мая в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2022
Кумаки пулии Рустами Эмомалӣ ба иштирокдорону маъюбони ҶБВ
Тоҷикистон чун дигар кишварҳои ҷаҳон дар мубориза бар зидди фашизм саҳми шоиста гузоштааст.
Дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ 300 ҳазор фарзанди далеру шуҷои тоҷик дар муҳорибаҳои шадид бар зидди фашизм иштирок намуда, беш аз 90 ҳазори онҳо аз майдони ҷанг барнагаштанд.
56 ҳазор нафари онҳо ба гирифтани ордену медалҳо, 21 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени "Шараф" ва 54 нафар ба унвони олии ифтихории Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардиданд.
Номи қаҳрамонҳои Иттиҳоди Шӯравӣ Неъмат Қарабоев, Ҳодӣ Кенҷаев, Тӯйчӣ Эрйигитов, Сафар Амиршоев, Исмоил Ҳамзаалиев, Эргаш Шарипов ва боз садҳо фарзандони шуҷои миллати тоҷикро метавон номбар кард, ки дар мубориза бар зидди фашизм мардонагӣ нишон дода, дар таъмини Ғалабаи бузург бар фашизм саҳми шоиста гузоштаанд.
Лентаи хабарҳо
0