Тадбирҳои шадиди Путин алайҳи Ғарб ошкор шуд: фармони тозаи президенти Русия

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузаштан ба хазинаи аксРабочая поездка президента РФ В. Путина в Санкт-Петербург
Рабочая поездка президента РФ В. Путина в Санкт-Петербург - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Кишвардор фармонро дар бораи ҷорӣ кардани чораҳои вижаи иқтисодӣ алайҳи кишварҳои ба Русия номақбул имзо кард: маҳдудиятҳо ба тиҷорати хориҷӣ таъсир мерасонанд
ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Русия дар посух ба амалҳои ғайридӯстонаи Ғарб маҳдудиятҳои шадиди иқтисодӣ ҷорӣ хоҳад кард.
Фармони дахлдорро президенти Русия Владимир Путин имзо кардааст.
Дар портали расмии иттилооти ҳуқуқӣ ҳуҷҷате, ки нисбати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ "тадбирҳои махсуси иқтисодӣ" пешбинӣ кардааст, нашр шуд.
Дар фармони кишвардор иҷрои муомилот ва иҷрои уҳдадорихо дар назди шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ таҳти муҷозоти ҷавобӣ, инчунин ба фоидаи ин шахсон аз кишвар содироти ашёи хом ва маҳсулот манъ шудааст.
Ҳукумати Русия дар давоми 10 рӯз рӯйхати дахлдорро тартиб дода, меъёрҳои иловагии амалиёти дар боло зикршударо муайян мекунад.
Ҳуҷҷат аз лаҳзаи интишор эътибор пайдо мекунад ва то лағви тадбирҳои махсуси иқтисодӣ эътибор дорад.
Президент РФ В. Путин принял участие в расширенном заседании коллегии МЧС РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2022
Путин аз табъизи ҳама чизи русӣ дар Ғарб гуфт: Дар мо чунин нест
Президенти Русия моҳи апрел вокуниши қатъӣ ба таҳримҳои Ғарбро эълон кард. Ӯ дар маҷлиси машваратӣ оид ба масъалаҳои азхудкунии Арктика таъкид кард, ки мамлакат бояд суръати корро ҳам аз рӯйи вазифаҳои ҷорӣ ва ҳам оянда ба таври максималӣ зиёд кунад.
Ёдовар мешавем, ки Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо дар робита ба оғози амалиёти вижаи Русия барои ҳифзи Донбасс алайҳи Маскав маҳдудиятҳои густарда ҷорӣ карданд.
Таҳримҳо ба соҳаҳои молиявӣ, энергетика, нақлиёт, технологӣ ва сиёсати раводид таъсир расониданд. Ҳамин тариқ ИА амалиёти идоракунии захираҳо ва дороиҳои Бонки марказиро манъ кард ва ба дунбол як қатор бонкҳои Русияро аз системаи SWIFT ҷудо кард.
ИМА воридоти нафти Русия, гази моеъ ва ангиштро маҳдуд кард ва баъдан арак, маҳсулоти баҳрӣ ва алмоси сохти Русияро ба ин рӯйхат шомил кард.
Инчунин, бисёр брендҳои хориҷӣ кор дар Русияро боздоштанд.
Илова бар ин Иттиҳодияи Аврупо, ИМА ва як қатор давлатҳои дигар дороиҳои хориҷии сиёсатмадорон ва соҳибкорони Русияро масдуд карда, вуруди онҳоро ба қаламрави худ манъ кард. Рӯйхати таҳримҳо давра ба давра нав карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0