Медали тилои Навбаҳоров дар мусобиқаи бонуфузи самбо дар ИМА

© Международная Федерация СамбоСамбист Навбахоров выиграл серебро Кубка мира
Самбист Навбахоров выиграл серебро Кубка мира - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Разавӣ Навбаҳоров дар соли 2022 ҷоизаи дуюми худро гирифт: ӯ пас аз тамрини бошиддат натиҷаҳои худро ба таври қобили мулоҳиза беҳтар кард
ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Варзишгари тоҷик Разавӣ Навбаҳоров дар Қаҳрамонии миллии ИМА оид ба самбо медали тило гирифт. Дар ин бора дафтари матбуотии Федератсияи самбои ҷумҳурӣ хабар додааст.
Варзишгар дар вазни 79 кило баромад кард. Рақибони ӯ дар Ҷоми кушоди ИМА самбистҳои пурқувват аз тамоми ҷаҳон гардиданд.
Акнун Навбаҳоров дар соли 2022 ба мусобиқоти дигари муҳим омодагӣ мегирад. Ҳамин тавр варзишкори тоҷик дар моҳи август бояд дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Бишкек баромад кунад ва ҳамчунин дар қаҳрамонии самбои Осиё, ки авоили моҳи июн дар Лубнон баргузор мешавад, худро нишон диҳад.
Қобили зикр аст, ки варзишгар аз соли 2021 ба комёбиҳои назаррас ноил шудааст. Пас аз машқҳои бошиддат ӯ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ бештар ғолиб шуд.
Тилло дар "USA Sambo National Championship" - аввалин медали имсолаи Навбаҳоров нест.
Темур Рахимов – лучший спортсмен Таджикистана 2021 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2022
Акмалиддин, Темур ва Миҷгона беҳтарин варзишкорони соли 2021 эълон шуданд
Ӯ моҳи феврал дар Ҷоми Аврупо оид ба самбо дар Минск ширкат карда, медали биринҷӣ гирифт.
Якҷоя бо ӯ 150 варзишгар аз Арманистон, Беларус, Булғористон, Гурҷистон, Исроил, Қазоқистон, Молдова, Русия, Туркманистон ва Юнон барои медалҳо мубориза бурданд.
Ғайр аз ӯ, кишварро дар ин мусобиқот боз 5 размикор намояндагӣ карда буданд, вале танҳо ба Навбаҳоров муяссар гардид, ки ба гирифтани медал ноил гардад.
Ҷоми Аврупо нахустин мусобиқаи байналмилалӣ барои самбистони тоҷик дар мавсими соли 2022 гардид.
Чӯпонов ва Куканиев ҳарифони русу ӯзбеки худро шикаст доданд
Бояд гуфт, ки ҷои аввал насиби варзишгарони Русия, ҷои дуюм намояндагони Гурҷистон ва ҷои сеюм насиби дастаи Беларус гардид.
Навбаҳоров 21 сол дорад, солҳои охир дар чанд мусобиқаи байналмилалӣ оид ба самбо ва ҳунарҳои размӣ ширкат карда, дар мусобиқоти наврасону ҷавонон ва калонсолон ғолиб омадааст.
Ҳамин тариқ дар мусобиқоти байналмилалӣ дар Олмон соҳиби медали тило, дар Чемпионати Осиё оид ба самбо дар Муғулистон соҳиби медали нуқра гардид.
Лентаи хабарҳо
0