Ансамбли "Зебо" тамошобинони ҷашнвораи байналхалқиро ба ваҷд овард

© пресс-служба Министерства культуры ТаджикистанаТаджикский ансамбль "Зебо"
Таджикский ансамбль Зебо - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2022
Обуна шудан
Раққосони тоҷик ҳайати доварони Ҷашнвораи "Лазги"-и Ӯзбекистонро ба ваҷд оварданд: коршиносон саҳнаи рақс, шева, либосҳо ва декоратсияро арзёбӣ карданд
ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Ансамбли "Зебо"-и тоҷик дар Ҷашнвораи байналмилалии рақси "Лазги" ҷойи дуюмро гирифт.
Дар ин бора хадамоти матбуотии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар дод.
Ин чорабинӣ дар давоми панҷ рӯз дар шаҳри Хеваи Ӯзбекистон баргузор шуд. Дар он зиёда аз 190 нафар устод ва дӯстдори рақс аз 30 кишвар ширкат доштанд.
Рақибони ансамбли тоҷик дар озмун 170 ҳунарманд - намояндагони 18 давлат буданд.
Баромади раққосонро ҳакамони байналмилалӣ иборат аз 6 нафар мутахассисони соҳа баҳогузорӣ карданд.
Коршиносон саҳнаи рақс, шева, либосҳо ва декоратсияро арзёбӣ карданд.
Цветы в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2022
Сиркбозони тоҷик барои шаш моҳ ба Туркия ва Покистон рафтанд
Дар рақсҳои коллективӣ ҷои якум насиби ансамблҳои "Тумор" (Ӯзбекистан) ва "Пирин" (Булгория) гардид. Ҷои сеюм насиби дастаҳои "Свети Дорди" (Сербистон), "Танура" (Миср), "Шатик" (Қирғизистон) ва "Инегал" (Туркия) гардид.
Гран-при ба Дилноза Ортиқова аз кишвари мизбони ҷашнвора дода шуд. Дар чорабинӣ ба ҷуз аз намоиши рангин, павильонҳои бахшида ба санъати рақс, инчунин асбобҳои мусиқӣ ва либосҳо, ҳунарҳои дастӣ ва филмҳои ҳуҷҷатӣ ба намоиш гузошта шуданд.
Бояд гуфт, ки ҷашнвораи "Лазгӣ" дар Хива дар ду сол як маротиба баргузор мешавад.
Сафари ҳунармандони Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе ба шаҳрҳои Ӯзбекистон
Чорабинии мазкур ба ҳифз ва рушди анъанаҳои қадимии санъати рақси Хоразм, таҳкими дӯстӣ ва бародарии халқҳо, инчунин васеъ намудани доираи ҳамкориҳои эҷодӣ нигаронида шудааст.
"Рақси лазги" аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид карда шудааст.
Ин рақс дар таърихи бойи санъати хореографии Ӯзбекистон мақоми махсусро ишғол мекунад.
Лентаи хабарҳо
0