Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Авҷи коронавирус дар Пекин кори нақлиёти ҷамъиятиро масдуд мекунад

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузаштан ба хазинаи аксПассажиры в метро в Токио, архивное фото
Пассажиры в метро в Токио, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар давраи таътили баҳорӣ дар пойтахти Чин барои пешгирии паҳншавии коронавирус чораҳои қатъӣ андешида шуданд
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Кори 44 истгоҳ дар шаш хатти метрои Пекин бинобар сар задани коронавирус мутаваққиф шуд. Ин тасмимро мақомоти маҳаллӣ бинобар авҷ гирифтани коронавирус қабул кардаанд.
Илова бар ин ҳаракати автобусҳои шаҳрӣ дар 63 хатсайр муваққатан қатъ шуда, автобусҳои 48 хатсайр дар баъзе истгоҳҳо таваққуф намекунанд.
Аз 5 май сокинон ва меҳмонони Пекин барои истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ бояд шаҳодатномаи манфии санҷиши COVID-19 дошта бошанд.
Қаблан, дар пасманзари хуруҷи коронавирус мақомоти пойтахти Чин чанд даври санҷиши ПСР-и сокинони аксари манотиқи шаҳрро анҷом доданд.
Илова бар ин дар давраи таътили баҳорӣ дар пойтахт чораҳои қатъии зидди эпидемия ҷорӣ карда шуданд.
Рабочий в защитном костюме на улице в Шанхае - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2022
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Чин гирифторӣ ба коронавирус рекордӣ шуд
Аз ҷумла қаҳвахонаҳо ва тарабхонаҳо дар дохили бино ба меҳмонон хидмат расонида натавониста, танҳо бо хӯрокворӣ кор мекарданд, клубҳои компютерӣ, толорҳои варзишӣ ва ҷойҳои фароғатӣ кори худро муваққатан боздоштанд. Инчунин шаҳрвандон ҳангоми боздид аз як қатор ҷойҳои ҷамъиятӣ, бахусус боғҳо, марказҳои савдо, мағозаҳои хӯрокворӣ, сокинони пойтахти Чин бояд санҷиши манфии ПСР дошта бошанд.
Дар як шабонарӯзи охир дар Пекин табибон 51 ҳолати сироятёбӣ ва ҳамчунин 11 интиқолдиҳандаи аломатҳои бемории мазкурро муайян карданд. Ба далели хуруҷи коронавирус донишҷӯён дар пойтахт таътили худро як ҳафта тамдид карданд.
Дар Чин мавҷи нави сироятҳои коронавирус дар моҳи апрел ба қайд гирифта шуд, сарфи назар аз он ки он дар айни замон яке аз кишварҳои камшумор дар ҷаҳон боқӣ мемонад, ки сиёсати "таҳаммулнопазирии сифр"-ро нисбат ба COVID-19 риоя мекунад.
Бурузи коронавирус дар Чин охирҳои моҳи декабри соли 2019 ба қайд гирифта шуд. Манбаи паҳншавии уфунати мудҳиш шаҳри Вуҳани Чин гашт.
Пас аз тадқиқотҳо олимон муайян карданд, ки барангезандаи беморӣ намуди нави 2019-nCoV. будааст. Эҳтимол он ба бадани одамон аз панголин ба воситаи кӯршапарак гузаштааст.
Вирус зуд аз шаҳр ба ин кишвар паҳн шуд. Дар натиҷа, 11 март СУТ коронавирусро пандемия эълон кард.
Лентаи хабарҳо
0