Даргузашти Станислав Шушкевич: шахсе, ки санади пошхӯрии ИҶШС -ро имзо кард

© Sputnik / Дмитрий ДонскойСтанислав Шушкевич
Станислав Шушкевич - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Фаъолияти касбии худро президенти собиқи Белорус пас аз фалокати нерӯгоҳи атомии Чернобил дар соли 1986 оғоз кардааст. Сабаби марг то ҳол номаълум
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Дар Минск баъд аз бемории тӯлонӣ сарвари нахустини Белоруси соҳибистиқлол, раиси Шӯрои Олии ҷумҳурӣ Станислав Шушкевич даргузашт.
Дар ин бора хабаргузории "Еврорадио" бо такя ба суханони ҳамсари марҳум хабар додааст.
Шушкевич дар 87-солагӣ дунёро падруд гуфт. Дар бораи сабабҳои марг маълумоте нест, аммо маълум аст, ки сиёсатмадор дар охири моҳи апрел бинобар оқибатҳои коронавирус дар шуъбаи эҳё қарор дошт, вале ба зудӣ мураххас шуд.
Станислав Шушкевич 15 декабри соли 1934 дар оилаи нависандаи белорус, ба дунё омадааст. Ӯ мактабро бо медали нуқра хатм карда, соли 1956 ба Донишгоҳи давлатии Белорус ба факултаи физикаю математика дохил шуд.
Владимир Жириновский даргузашт
Пас аз 3 сол аспиранти Институти физикаи Фарҳангистони Белорус бо ихтисоси "Радиоспектроскопия" шуд. Вай мутахассиси соҳаи радиоэлектроника буд.
Вай фаъолияти сиёсии худро дар солҳои 80-ум пас аз ҳодисаи изтирорӣ дар нерӯгоҳи атомии Чернобил оғоз кардааст. Он замон ӯ ба комиссиям махсус оид ба омӯзиши оқибатҳои офати табиӣ дохил шуд.
Пас аз рӯйдодҳои табаддулоти моҳи августи соли 1991 ӯ раҳбарии порлумони Белорусро бар ӯҳда дошт.
Тарҷумаи ҳоли Владимир Жириновский: раҳбари ҲЛДР чӣ гуна буд
Аз соли 1991 то соли 1994 раиси Шӯрои Олии Белорус буд. Дар ин вазифа соли 1991 Созишномаи Белавежа дар бораи пошхӯрии ИҶШС ва таъсиси ИДМ-ро имзо кард.
Баъдан ӯ муддати дароз ба ҳизби сотсиал-демократии "Ррамада" раҳбарӣ кард.
Лентаи хабарҳо
0