Ҳаққонӣ: Дар мавриди бозгушоии макотиби духтарона нишасти уламои дин баргузор мешавад

© Sputnik / Valery Melnikov  / Гузаштан ба хазинаи аксУченики в классе школы для бывших беспризорных детей Aschiana в Кабуле
Ученики в классе школы для бывших беспризорных детей Aschiana в Кабуле  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Яке аз чеҳраҳои шинохта ва аршади гурӯҳи толибон мегӯяд, макотиби миёна ва литсейҳо базудӣ ба рӯи духтарон боз хоҳанд шуд
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Анас Ҳаққонӣ, як узви аршади толибон ахиран дар як ҷамъомаде дар вилояти Хуст гуфт, ки дар рӯзҳои наздик нишасти уламои дин баргузор мешавад ва мактабҳои духтарона дубора боз хоҳанд шуд, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон.
Бародари Сироҷиддин Ҳаққонӣ, сарпарасти Вазорати дохилии ҳукумати толибон афзуд, толибон мухолифи таҳсили духтарон нестанд. Ҳол он ки баъд аз ба сари қудрат расидани толибон духтарони аз синфи шаш боло ҳаққи ба мактаб рафтанро надоранд.
Пас аз чанд моҳи басташавии макотиб қарор буд, мактабҳои духтарона дар саросари кишвар боз шаванд, аммо Вазорати маорифи толибон эълон кард, ки мактабҳои миёнаи духтарона то эълони минбаъда баста хоҳанд монд.
Забиулла Муджахед - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2022
Муҷоҳид: Ҳич хабарнигоре дар зиндон надорем ва то ҳадди мумкин бо расонаҳо ҳамкорӣ дорем
Он замон Вазорати маорифи толибон дар баёнияе гуфта буд, ки агар либоси мактабӣ бар асоси қонун, расму ойин ва фарҳанги Афғонистон тарҳрезӣ шавад, мактабҳои духтарона таҳти раҳбарии толибон дубора боз хоҳанд шуд.
Тасмими бастани мактабҳои духтарона вокунишҳои густурдаи ҷаҳониро ба бор овард. Ҳоло Ҳукумати Толибон таҳти фишор қарор дорад. Ин гурӯҳ то ҳол ба занон иҷозат надодааст, ки дар идораҳои давлатӣ кор кунанд.
Лентаи хабарҳо
0