Харобкориҳои боди шадид дар Ишкошим ва Шаҳринав

© Sputnik Средняя школа № 71 джамоата Овчи Калача в Бободжон-Гафуровском районе Таджикситана после обстрела
Средняя школа № 71 джамоата Овчи Калача в Бободжон-Гафуровском районе Таджикситана после обстрела - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Барои муайян намудани хисороти расида аз ин ҳодисот комиссияи ноҳиявӣ ташкил шудааст. Базудӣ муайян мешавад, ки ин ҳодиса чӣ миқдор хисорот расонидааст
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Боди тунд дар ноҳияи Ишкошим ва Шаҳринав боми Маркази рушди барвақтии кӯдак ва мактабро тахриб кардааст.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки бегоҳи 3 май, соати 16:36 бар асари шамоли сахт боми хонаи истиқоматии як сокини ҷамоати деҳоти Р. Юсуфбекови ноҳияи Ишкошим хароб шудааст.
Бом болои бинои Маркази рушди барвақтии кӯдакон афтида, ба он зарар расондааст.
Тибқи гузориши КҲФ, барои муайян намудани хисороти расида аз ин ҳодиса комиссияи ноҳиявӣ ташкил шудааст ва фаъолият дорад.
Ҳодисаи ба ин монанд дар ҷамоати деҳоти Само, деҳаи Қадиҷӯйбори ноҳияи Шаҳринав рух додааст.

"Борони шадид ва шамоли сахт болопӯши толори варзиши МТМУ №4, ки 20 метр дарозӣ ва 10 метр бар дошт, ба замин сарозер карданд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки ҳоло комиисияи ноҳияҳо ҳаҷми зарари расидаро муайян мекунад.
Ин дар ҳолест, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз номусоидии ҳаво то 6 май дар саросари кишвар ҳушдор дод.
Восстановление дороги после оползня в Дарвазе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2022
Роҳи Душанбе - Хоруғ баста шуд
Тибқи гузориши ин инҳод, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон шамол сахту тунд мевазад.
Ин ниҳод ҳушдор медиҳад, ки боронҳои шадид метавонанд сабабгори рониши замин шаванд, бахусус дар минтақаҳои осебпазир ва мардум бояд дар чунин рӯзҳо ҳушёру омодаи муқовимат ба ҳар гуна ҳодисаҳо, бахусус омадани сел бошанд.
КҲФ зарари сел дар Суғдро муайян кард
Кумита ба сокинон ва меҳмонони кишвар тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба соҳили дарёҳо ва дигар махзанҳои об худдорӣ намоянд. Сафарҳои безарурат бо роҳҳои кӯҳӣ ва масирҳои сайёҳӣ низ маслиҳат дода намешавад.
Лентаи хабарҳо
0