Хотирае аз ҶБВ дар Тоҷикистон

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Шаҳрвандони Тоҷикистон қаҳрамонии нафаронеро, ки аз ҶБВ барнагаштаанд, балки ҷони худро дар ин ҷанг қурбон кардаанд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд кард
Воқеаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар гузашта боқӣ монд, аммо нафаронеро, ки дар майдонхои ҷанг ба ҳалокат расиданд, наметавон баргардонд. Аммо хотираи қаҳрамонии онҳо боқӣ мондааст. Хотираи қаҳрамонии онҳо дар аксари минтақаҳои аҳолиннишинӣ Тоҷикистон дар симои кӯчаву хиёбонҳо, тандисҳои ёдгорӣ ва муҷассамаҳо боқӣ мондааст.
Рӯзи Ғалаба барои тамоми мардуми сайёра, аз ҷумла халқи Тоҷикистон санаи бисёр муҳим ва воқеан тақдирсозу таърихӣ мебошад.
Кумаки пулии Рустами Эмомалӣ ба иштирокдорону маъюбони ҶБВ
Ин рӯзро ба хотири арҷгузорӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва заҳматкашони ақибгоҳ яке аз санаҳои муҳимми таърихӣ - Рӯзи ғалаба бар фашизм медонанд ва ин санаро тантанавор ҷашн мегиранд.
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор аз шаҳрвандон ба ҷанг сафарбар карда шуданд. Дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ беш аз 92 ҳазор нафар тоҷикистонӣ ба ҳалокат расиданд.
Туҳфаи 1350-долларии мақомоти ӯзбек ба иштирокдорони ҶБВ дар Рӯзи ғалаба
Мавриди ёдоварист, ки 68 нафар аз иштирокчиёни ҷанг аз Тоҷикистон сазовори унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ гашта, 21 нафарашон дорандаи ҷоизаи се дараҷаи ордени “Шараф”, ҳамагӣ зиёда аз 90 ҳазор нафар бо ифтихорномаҳои сарфармондеҳи олии қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва ордену медалҳо сарфароз гардонида шудаанд. Аз шумораи умумии фиристодагони Тоҷикистон 49973 нафарашон ба баталонҳои коргарии сохтмонӣ ва ақибгоҳ сафарбар карда шуда буданд.
Лентаи хабарҳо
0