Коҳиши қурби доллар ва евро дар биржаи Маскав

© Sputnik / Владимир ТрефиловМонеты номиналом один рубль.
Монеты номиналом один рубль. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Қурби рубл дар оғози савдои асъор дар биржаи Маскав якбора боло рафта, ба нишондоди бесобиқа тайи қариб ду соли охир расидааст
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Қурби доллар дар биржаи Маскав аз 69 рубл поинтар рафт, ки камтарин нишондод аз моҳи июни соли 2020 то ҳол мебошад, хабар додааст РИА "Новости".
Ба иттилои манбаъ, савдо дар биржаи Маскав бо устувории рубл оғоз шудааст.
Қурби доллар дар лаҳзаҳои аввали савдо то ба 68,63 рубл поин рафта, баъдан дар сатҳи 69,5 рубл қарор гирифтааст. Евро, ки дар оғози савдо арзишаш то ба 73,34 рубл афтид, то ба 72 рубл расидааст.
Устувории рубл дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон низ ба арзиши ин асъор таваҷҷуҳи зиёд доранд, чун садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия бо рубл маош мегиранду барои таъминоти хонавода ба Ватан рубл мефиристанд.
Председатель правительства РФ Михаил Мишустин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2022
Қарори ҳукумати Русия барои поин бурдани фоизи ипотека
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 ҳазор рубли русӣ дар бозори арзи кишварро феълан 160 сомонӣ муқаррар кардааст, аммо дар бонкҳои тиҷории кишвар арзиши он каме фарқ мекунад. Тибқи нишондоди БМТ, ҳоло дар кишвар бар ивази як евро 13.11797 сомонӣ медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки дар оғози ҳафтаи қаблӣ як евро 13.5519 сомонӣ арзиш дошт.
Аз ҷумла дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 152 сомонӣ ва зимни фурӯш 161 сомонӣ нарх муқаррар шудааст. Дар "Спитаменбонк" ҳазор рубл феълан зимни харид 160,5 ва дар фурӯш 162,5 сомонӣ аст.
Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харид 155 ва дар фурӯш 161 сомонӣ муайян намудааст. "Алифбонк" ҳазор рублро феълан бо нархи 140 сомонӣ мехараду ба ивази 162 сомонӣ мефурӯшад.
Дар ҳамин ҳол Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0