https://sputnik-tj.com/20220504/panj-pahlavoni-tojik-qazoqiston-maydon-1048170204.html
Панҷ паҳлавони тоҷик дар Қазоқистон ба майдон мебароянд
Панҷ паҳлавони тоҷик дар Қазоқистон ба майдон мебароянд
Мусобиқаи байналмилалӣ дар риштаи куштии юнонӣ - римӣ дар шаҳри Нурсултон то 5 май идома меёбад, ки 5 намояндаи Тоҷикистон низ дар он иштирок мекунанд
2022-05-04T14:10+0500
2022-05-04T14:10+0500
2022-05-05T15:47+0500
дар тоҷикистон
ҷавонон ва варзиш
қазоқистон
паҳлавон
куштӣ
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/0e/1038376408_0:166:3053:1883_1920x0_80_0_0_d7e5bb6d499b3dbf79f355513f0380d9.jpg
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Мусобиқаи байналмилалӣ дар риштаи юнонӣ-римӣ ба хотираи Жаксилик Ушкемпиров миёни ҷавонони то 20-сола дар шаҳри Нурсултон баргузор мешавад, хабар дод Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, дар мусобиқа беш аз 300 варзишгар аз минтақаҳои гуногуни Қазоқистон, ҳамчунин варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Эрон ширкат мекунанд.Таъкид шудааст, ки Тоҷикистонро 5 варзишгар – Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни 60 кило, Сиёвуш Ачилов - 63 кило, Шероз Очилов - 72 кило, Султон Саидзода - 72 кило ва Русланҷони Рустамҷон дар вазни 82 кило намояндагӣ мекунанд. Кумита афзуд, ки паҳлавонҳои ҷавони тоҷикро дар Қазоқистон мураббӣ Фаррухрӯз Раҳмонов ва довар Ҷаҳонгир Аланазаров ҳамроҳӣ мекунанд.Маврид ба зикр аст, ки Ушкемпиров паҳлавони Қазоқистон ва Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад, ки унвони қаҳрамони олимпӣ ва қаҳрамони ҷаҳонро дорад. Ӯ соли 1951 дар Қазоқистон таваллуд шуда, соли 2020 дар ин кишвар даргузаштааст. Дар доираи мусобиқа ба хотири ин паҳлавони номдор ҳамчунин курси омӯзишӣ барои доварон баргузор шуд. Дар омӯзиш ду довари тоҷикистонӣ, Фаррухрӯз Раҳмонов ва Ҷаҳонгир Аланазаров ширкат карданд. Машғулиятҳои назариявӣ анҷом ёфта, дар доираи мусобиқа машғулиятҳои амалӣ сурат мегиранд ва дар натиҷа ба иштирокчиён сертификати довари дараҷаи байналмилалӣ тақдим хоҳад шуд.
https://sputnik-tj.com/20220503/chor-bonu-tojik-chempionat-jahon-mushtzani-1048155363.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/0e/1038376408_161:0:2892:2048_1920x0_80_0_0_a805829a246588cbd093e0233215ea81.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ҷавонон ва варзиш, қазоқистон, паҳлавон, куштӣ
Панҷ паҳлавони тоҷик дар Қазоқистон ба майдон мебароянд
14:10 04.05.2022 (Навсозишуда: 15:47 05.05.2022) Мусобиқаи байналмилалӣ дар риштаи куштии юнонӣ-римӣ дар шаҳри Нурсултон то 5 май идома меёбад, ки 5 намояндаи Тоҷикистон низ дар он иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Мусобиқаи байналмилалӣ дар риштаи юнонӣ-римӣ ба хотираи Жаксилик Ушкемпиров миёни ҷавонони то 20-сола дар шаҳри Нурсултон баргузор мешавад, хабар дод Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, дар мусобиқа беш аз 300 варзишгар аз минтақаҳои гуногуни Қазоқистон, ҳамчунин варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Эрон ширкат мекунанд.
Таъкид шудааст, ки Тоҷикистонро 5 варзишгар – Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни 60 кило, Сиёвуш Ачилов - 63 кило, Шероз Очилов - 72 кило, Султон Саидзода - 72 кило ва Русланҷони Рустамҷон дар вазни 82 кило намояндагӣ мекунанд.
Кумита афзуд, ки паҳлавонҳои ҷавони тоҷикро дар Қазоқистон мураббӣ Фаррухрӯз Раҳмонов ва довар Ҷаҳонгир Аланазаров ҳамроҳӣ мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки Ушкемпиров паҳлавони Қазоқистон ва Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад, ки унвони қаҳрамони олимпӣ ва қаҳрамони ҷаҳонро дорад. Ӯ соли 1951 дар Қазоқистон таваллуд шуда, соли 2020 дар ин кишвар даргузаштааст.
Дар доираи мусобиқа ба хотири ин паҳлавони номдор ҳамчунин курси омӯзишӣ барои доварон баргузор шуд. Дар омӯзиш ду довари тоҷикистонӣ, Фаррухрӯз Раҳмонов ва Ҷаҳонгир Аланазаров ширкат карданд.
Машғулиятҳои назариявӣ анҷом ёфта, дар доираи мусобиқа машғулиятҳои амалӣ сурат мегиранд ва дар натиҷа ба иштирокчиён сертификати довари дараҷаи байналмилалӣ тақдим хоҳад шуд.