Расонаҳо аз шароити бади паноҳҷӯёни украинӣ дар Бритониё мегӯянд

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузаштан ба хазинаи аксСитуация на польско-украинской границе
Ситуация на польско-украинской границе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Рӯзномаи "Independent" навиштааст, паноҳҷӯёни украинӣ, ки имрӯзҳо дар қаламрави Бритониё ба шароити бади маишӣ рӯ ба рӯ шудаанд
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Рӯзномаи “Independent” менависад, ки ҳазорон паноҳҷӯи украинӣ, ки тавассути барномаҳои оилавӣ ба Бритониё меоянд, бо шароити сахти зиндагӣ рӯ ба рӯ шуда, маҷбуранд, дар як ҳуҷра бо тамоми аҳлу оила зиндагӣ кунанд.
Ба иттилои созмонҳое, ки ба паноҳҷӯёни ӯкраинӣ кумак мекунанд, ба далели шароити бад ва ҳамчунин сарпечии соҳибхонаҳо аз пешниҳоди ҷои зист барои теъдоди зиёди нафарон дар манзилҳояшон бархе аз украиниҳо маҷбуранд, аз манзилҳои наздикони худ берун шаванд ва дар мақомоти маҳаллӣ худро ҳамчун бесарпаноҳ сабти ном кунанд.
Тибқи як назарсанҷии нуҳ созмони хайрия, аз 83 шаҳрванди Украина, ки тавассути барномаи оилавӣ ба Бритониё меояд, беш аз 58 дарсади онҳо дар шароити бад зиндагӣ мекунанд ва 17 дарсади дигари онҳо хатари бесарпаноҳ монданро доранд.
Ба навиштаи ин рӯзнома, ҳукумат барои ин барнома ба мақомоти маҳаллӣ кумаки молӣ ҷудо накардааст, дар ҳоле ки барои дигар барномаҳо, ки тибқи он сокинони Британиё омодаанд, паноҳҷӯёнро дар хонаҳои худ ҷой мекунанд, барои як нафар то 10 ҳазору 500 фунт стерлинг ҷудо мекунад.
Сборы военных в Грозном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Қодиров: Дар "Азовстал" беш аз 150 сокини мулкист
Қаблан рӯзномаи “Guardian” хабар дода буд, теъдоде аз паноҳҷӯёни украинӣ ба далели системаи печидаи дарёфти мақоми паноҳандагӣ дар Бритониё қасд карданд, алайҳи вазири корҳои дохилии ин кишвар Прити Пател ба додгоҳ шикоят баранд.
Созмонҳои ҳуқуқи башар даъват кардаанд, ки барномаи қабули паноҳҷӯён дар Британиё бояд тағйир дода шавад, то раванди интиқоли украиниҳо суръат ёбад.
Ёдовар мешавем, Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Лентаи хабарҳо
0