Шойгу дар бораи "Азовстал" ва пешниҳоди таслим ба нерӯҳои украинӣ

© Фотохост-агентство sco-russia2020.ru / Гузаштан ба хазинаи аксМинистр обороны РФ Сергей Шойгу
Министр обороны РФ Сергей Шойгу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Боқимондаҳои нерӯҳои украинӣ дар шаҳри Мариупол ба муҳосираи шадид гирифта шуда, барояшон барои гузоштани силоҳ ба замин пешниҳод шудааст
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Ба нерӯҳои муҳосирашудаи украинӣ дар минтақаи саноатии "Азовстал" пешниҳод карда шуд, ки сокинони мулкиро раҳо кунанду худашон таслим шаванд.
Дар ин бора Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия, зимни ҷаласаи селекторӣ хабар дод.
Ба гуфтаи вазири дифоъ, бо дастури сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи Русия Владимир Путин минтақаи "Азовстал" сахт ба муҳосира гирифта шудааст.
"Пешниҳодҳои ба такрор ба миллатгароҳо барои раҳоии сокинони мулкӣ ва гузоштани силоҳ ба замин бо кафолати муносибати сазовор бар асоси меъёрҳои байналмилалӣ аз ҷониби онҳо сарфи назар шудаанд. Мо ин талошҳоро идома медиҳем", - изҳор дошт Шойгу.
Вай афзуд, нерӯҳои Русия дар доираи амалиёти низомӣ якҷоя бо воҳидҳои нерӯҳои Луганску Донетск минтақаи таҳти назораташонро васеъ карда истодаанд.
Сборы военных в Грозном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Қодиров: Дар "Азовстал" беш аз 150 сокини мулкист
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои мақомоти Русия, дар пайи роҳандозии низоми хомӯшӣ тайи рӯзҳои охир садҳо нафар аз қаламрави "Азовстал" берун карда шуданд. Аз беруншудаҳо бархеяшон тасмим гирифтаанд, дар Донбасс бимонанду гурӯҳи дигар рафтан ба қаламрави таҳти назорати Киевро ихтиёр намудаанд ва чунин имкон фароҳам шудааст.
Мақомоти Донетск мегӯянд, нерӯҳои украинӣ аз низоми хомӯшӣ дар "Азовстал" истифода карда, барои оташкушоӣ мавқеъҳои мувофиқро гирифтанд. Таъкид шудааст, ки дар натиҷа воҳидҳои артиши Русия ва Ҷумҳурии Донетск бо истифода аз алтиллерия ва авиатсия ба нобудсозии ин мавқеъҳо пардохтаанд.
Маврид ба зикр аст, нерӯҳои Русия ва нерӯҳои ҶМД рӯзи 7 март Мариуполро муҳосира карданд ва рӯзи 21 апрел вазири дифоъ Сергей Шойгу эълом кард, ки ин шаҳр комилан озод шудааст, аммо беш аз ду ҳазор ҷангҷӯи гурӯҳи миллатгароёни "Азов"(алайҳи ҷангиёни ин гурӯҳ дар Русия парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст) дар корхонаи “Азовстал” боқӣ мондаанд.
Бо фармони раисҷумҳури Русия, Владимир Путин, ҳамла ба минтақаи саноатӣ лағв шуд. Ӯ гуфт, ба муҳосирашудаҳо бори дигар пешниҳод шавад, ки силоҳро ба замин гузоранд ва таъкид намуд, ки бархӯрд бо онҳо бар асоси меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ сурат мегираду ба маҷруҳон кумак расонда хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0