Шойгу гуфт, ҳар нақлиёти НАТО бо силоҳ барои Украина метавонад ҳадафи зарба бошад

© Министерство обороны РФШойгу на выставке Международного военно-технического форума "Армия-2021"
Шойгу на выставке Международного военно-технического форума Армия-2021 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазири мудофиаи Русия изҳор дошт, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Эътилофи Атлантики Шимолӣ - НАТО интиқоли аслиҳаро ба Украина идома дода истодааст
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Ҳар воситаи нақлиёти Эътилофи Атлантикаи Шимолӣ, ки ба Украина аслиҳа меорад, барои нерӯҳои Русия ҳадафи қонунӣ ба шумор меравад.
Ин нуктаро Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия, зимни ҷаласаи селекторӣ изҳор дошт.
"Ҳар нақлиёти НАТО, ки ба ин кишвар бо силоҳу лавозимоти ҷангӣ барои нерӯҳои Украина меоянд, барои мо чун ҳадафи қонунӣ барои зарбазанӣ мавриди назаранд", - таъкид намуд вазири мудофиа.
Ин дар ҳолест, ки мақомдорони баландпояи Русия борҳо аз кишварҳои ғарбӣ даъват намуданд, ки таъмини Украина бо силоҳ ва бо ҳамин васила тӯл додани низои ҳарбӣ дар ин кишварро хотима бахшанд.
Амалиёти низомии нерӯҳои Русия дар Украина аз 24 феврал ба ин сӯ идома дорад. Ҳамзамон миёни Киев ва Маскав гуфтушунид барои даст ёфтан ба созиш дар мавриди қатъи даргирӣ ҷараён гирифта истодааст, ки ба иттилои ҷонибҳо вақтҳои охир камранг гардидааст.
Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия, Дмитрий Медведев, ахиран гуфт, барои раисиҷумҳури Украина, Владимир Зеленский сулҳ ба маънои поёни низоми таҳти роҳбарии ӯ хоҳад буд.
Министр обороны РФ Сергей Шойгу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2022
Шойгу дар бораи "Азовстал" ва пешниҳоди таслим ба нерӯҳои украинӣ
Сиёсатмадори Русия мегӯяд, барои Зеленский сулҳ ин поёни кор аст ва тавзеҳ додааст, ки агар созиш кунад, корашро миллатгароҳо зуд ба охир мерасонанд. Гузинаи дуюм нисбатан дертар рақибонаш барои сарнагунии ӯ даст хоҳанд ёфт, афзуд Медведев.
"Зеленский минбаъд низ аз ғарб пулу силоҳ канда, собит карданӣ мешавад, ки ӯ дар бозист ва охирин қалъаи демократияи аврупоист, ки хирси ватникпӯш мехоҳад нобудаш кунад", - гуфт Медведев.
Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи амалиёти низомӣ дар Украинаро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Лентаи хабарҳо
0