Супориши Мирзонабот барои тезонидани бунёди манзил ба зарардидагони тарма дар Роштқалъа

© Администрация ГБАОИ.о обязанности председателя ГБАО Алишер Мирзонабот
И.о обязанности председателя ГБАО Алишер Мирзонабот  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2022
Обуна шудан
Тарма авохири моҳи март ду манзили сокинони Роштқалъаи ВМКБ-ро тахриб карда буд. Дар пайи ин ҳодисаи нохуш талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуд
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот ба масъулин супориш дод, ки сохтмони манзил барои зарардидагони тарма дар ноҳияи Роштқаъларо тезонанд.
Ин дастурро раиси вилоят, зимни боздид аз ноҳияи дурдасти кишвар, додааст.
Дар ин бора мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки зимни сафари корӣ ба ноҳияи Роштқалъа раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот аз сохтмони иншооти ҷашнӣ дар маркази ноҳия дидан кардааст.

"Раиси вилоят бо соҳибони хонаҳое, ки бар асари фаромадани тарма зарар дида буданд, мулоқот намуда, барои тезонидани сохтмони хонаҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас дод", - омадааст дар хабар.

Ҳамчунин Мирзонабот рафти сохтмони беморхонаи замонавӣ, муассисаи таълимии чорошёна, корхонаи коркарди пашм ва дигар иншоотро санҷидааст.
Раиси вилоят аз ҷараёни киштукори баҳорӣ, сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва иншооти ноҳия дидан карда, ба роҳбарият ва масъулини сохтмонҳо барои бо сифати баланд ва сари вақт омода намудани иншоот супориш додааст.
Дар ВМКБ ба оилаҳое, ки тарма манзилашонро тахриб кард, ваъдаи хона доданд
Ёдовар мешавем, ки авохири моҳи март дар ноҳияи Роштқалъа тарма фаромад, ки ду манзили сокинони маҳаллиро тахриб кард.
Хушбахтона, талафоти ҷонӣ дар ноҳияи Роштқалъа ба қайд гирифта нашуд.
Лентаи хабарҳо
0