Ташдиди ихроҷи муҳоҷирони Афғонистон аз Эрон

© AP / Jafar KhanАфганские беженцы въезжают в Пакистан через пограничный переход в Чамане
Афганские беженцы въезжают в Пакистан через пограничный переход в Чамане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2022
Обуна шудан
Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират (IOM) мегӯяд, ки пас аз тасаллути толибон бар Афғонистон Эрон ихроҷи муҳоҷирони афғонистониро ташдид кардааст
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Муовини дафтари намояндагии Созмони Муҳоҷират дар Афғонистон ба хабаргузории "Ассошиэйтед Пресс" гуфтааст, ки дар се моҳи аввали соли равон ихроҷи паноҳҷӯёни афғонистонӣ 60 дарсад афзоиш ёфтааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Ба гуфтаи вай, дар ин давра ҳудуди 250 ҳазор паноҳҷӯ ба Афғонистон баргаштаанд.
Вай афзуд, ки барои аксари ин афрод роҳи расидан ба Эрон хеле душвор будааст.
Тассаруфи ҳукумат аз сӯйи толибон мавҷи муҳоҷирати шаҳрвандонро бамаротиб афзоиш додааст. Гуфта мешавад, ки ҳудуди як миллион нафар ба Эрон рафтаанд. Аксарияти паноҳҷӯён ба таври ғайриқонунӣ дар ҳоле вориди Эрон шудаанд, ки марз баста буд.
Бывший президент афганистана Хамид Карзай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2022
Сипоси Карзай аз Эрон барои кумак ба мардуми Афғонистон
Ахиран ниҳодҳои расмии Эрон хабар дода буданд, ки миёни ихроҷшудагон афғонистониҳое низ ҳастанд, ки ба таври ғайриқонунӣ ба Эрон сафар карда ва пас аз боздошти пулиси Эрон ба Афғонистон баргардонида шудаанд.
Пас аз тасарруфи Афғонистон аз сӯйи толибон садҳо ҳазор нафар аз афғонистониҳо ба таври ғайриқонунӣ ба Эрон ва Покистон муҳоҷират карданд. Ба иттилои расонаҳои Афғонистон, муҳоҷирони афғонистонӣ дар Эрон бо бархӯрди шидид ва беэҳтиромии пулис рӯ ба рӯ шудаанд. Аммо мақомоти Эрон ин иддаоро шадидан рад мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0