Дар Бритониё шарти вазнини Путинро дастгирӣ карданд

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонкПрезидента РФ В. Путин
Президента РФ В. Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2022
Обуна шудан
Хонандагони рӯзномаи бритониёии "Daily Express" ба ташаббуси дигари НАТО дар робита ба Украина вокуниши шадид нишон дода, амалкарди ин паймонро масхара карданд
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Бритониёиҳо аз сиёсати НАТО интиқод карданд ва аз талаби президенти Русия Владимир Путин дар бораи тавсеа нашудани паймон ба самти Шарқ пуштибонӣ намуданд.
Баҳси хонандагони рӯзномаи "Daily Express" пас аз эълони мудохилаи навбатии паймон ба муноқишаи Украина ҷараён гирифт.
Аксари шореҳон таъкид карданд, ки амалиёти НАТО боиси ҳалокати мардуми бисёр шудааст ва ҳоло блоки ҳарбӣ кӯшиш мекунад, ки худро сулҳпарвар вонамуд кунад.

"Украина узви НАТО нест, чаро НАТО дахолат мекунад? НАТО сулҳҷӯ аст? Оё ин шӯхии нав аст? Амрико дар ҷаҳон ҳукмронӣ намекунад", - изҳор дошт як хонандаи "Daily Express".

Дигаре таъкид карда, ки агар Украина як кишвари бетараф мемонд ва Ғарб ба он силоҳ намебурд, муноқиша рух намедод.
"НАТО Сербияро бе ягон ваколат бомбаборон кард, ки бисёр сокинони осоишта кушта шуданд", - гуфтааст корбари дигаре.
Ба фикри ӯ, тавсияи иттиҳод хавфи ҷиддиест, ки бояд пешгирӣ карда шавад.
Украина моҳи декабри соли 2014 аз мақоми ғайриблокии худ даст кашид ва сипас дар Қонуни Асосӣ роҳи пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО-ро пеш гирифт.
Шойгу на выставке Международного военно-технического форума Армия-2021 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2022
Шойгу гуфт, ҳар нақлиёти НАТО бо силоҳ барои Украина метавонад ҳадафи зарба бошад
Ҳоло ин кишвар дар мақоми шарикӣ бо ин паймон қарор дорад, аммо барои узвияти комили он пофишорӣ намекунад.
Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои Русия ва НАТО ахиран ба таври ҷиддӣ бад шуданд.
Ҳамин тавр дар охири соли 2021 Русия лоиҳаҳои шартнома бо Иёлоти Муттаҳида ва НАТО барои кафолатҳои амниятиро нашр кард.
Маскав ба тавсеа накардани НАТО ва мустақар накардани пойгоҳҳои низомӣ дар марз бо Русия исрор дорад.
Дар ин бора машваратҳо миёни Русия, Иёлоти Муттаҳида ва НАТО баргузор шуданд, аммо ширкаткунандагони онҳо ба пешрафте ноил нагардиданд.
Лентаи хабарҳо
0