Душанбе дар Русия маъруфияти бештаре пайдо кардааст

© Sputnik / Стас ЭтвешГород Душанбе, архивное фото
Город Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2022
Обуна шудан
Ба афзоиши маъруфияти пойтахти Тоҷикистон омори фурудгоҳи Пулковои Санкт-Петербург дар 4 моҳи аввали соли 2022 гувоҳӣ медиҳад
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Душанбе дар фурудгоҳи Пулковои Санкт-Петербург ба як самти маъруфи байналмилалӣ барои мусофирон табдил шудааст. Дар ин бора дар дафтари матбуотии ширкати идоракунандаи "Дарвозаҳои ҳавоии пойтахти шимолӣ" (ООО "Воздушные ворота Северной столицы") хабар додааст.
Дар маҷмуъ, дар 4 моҳи соли 2022 мизони истифодаи мусофирон аз хадамоти ин фурудгоҳ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9 фоиз афзуда, қариб 4,5 миллион нафар аз он истифода кардааст.
Дар баробари ин дар хатсайрҳои дохилӣ коркунони фурудгоҳ ба 3,8 миллион мусофир хидмат расондаанд. Ин рақамҳо бо рақамҳои соли 2021 мувофиқанд.
Дар хатсайрҳои байналмилалӣ бошад, ин мизон 2,5 баробар афзуд. Дар давоми 4 моҳ 672 ҳазор нафар мусофир аз ин самтҳои парвоз дар Пулково истифода кардаанд.
Маъруфтарин шаҳрҳо дар Русия Маскав, Сочи, Калининград, Новосибирск, Екатеринбург, Архангелск, Қазон, Мурманск, Уфа мебошанд.
Горный турист - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2022
Коршинос рушди сайёҳӣ дар ИДМ-ро пешгӯӣ кард
Дар масирҳои байналмилалӣ, ба ҷуз аз Душанбе, Истанбул (Туркия), Дубай (АМА), Минск (Белорусия), Хургада ва Шарм-уш-Шайх (Миср), Тошканд ва Урганҷ (Ӯзбекистон), Ош (Қирғизистон) ва Ҳелсинки (Финландия) маъруф будаанд.
Бояд гуфт, ки Пулково аз ҷиҳати ҳаҷми мусофиркашонӣ дар Русия пас аз фурудгоҳҳои Маскав ҷойи чаҳорумро мегирад.
Аз соли 2010 оператори асосии он Консорсиуми байналмилалии "Дарвозаҳои пойтахти шимолӣ" мебошад, ки дар асоси шарикии давлат ва бахши хусусӣ фурудгоҳ ва лоиҳаи таҷдиду рушди онро идора мекунад.
Қаблан Душанбе ба феҳристи масирҳои арзон барои истироҳати русҳо дар рӯзҳои иду таътилҳои моҳи май ворид шуда буд. Маблағи тахминие, ки шумо бояд барои чиптаи сафар ба пойтахт пардохт кунед, 10 ҳазор рубл ҳисоб карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0