Ҳуҷуми малах ба 34 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон

© Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкСаранча. Архивное фото
Саранча. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2022
Обуна шудан
Нисбатан гарму камбориш омадани зимистони имсола метавонад боиси ҳар гуна бурузи касаливу афзоиши ҳашароти зараррасон ба бахши кишоварзии Тоҷикистон шавад
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Ҳуҷуми малах дар 34 шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, бахусус дар вилояти Хатлон нигаронкунанда мебошад, хабар додаст "Ховар" аз қавли масъулини "Экспедитсияи мубориза бар зидди малах".
Феълан баҳри нест кардани ин ҳашароти зарарасон 34 трактори дорупошӣ, 645 адад дорупошаки дастӣ, 6 автомошинаи дорупошӣ ва 840 нафар қувваи корӣ сафарбар гардидаанд, изҳор доштааст Дилшод Аҳмадов, масъули "Экспедитсияи мубориза бар зидди малах"-и Вазорати кишоварзии Тоҷикистон.
Дар феҳрасти минтақаҳои нисбатан осебпазир аз малах Аҳмадов ноҳияҳои Вахш, Шаҳритус, Данғара, Фархор, Қушониён ва Панҷро ном бурдааст.
"Онҳо гулу гиёҳ ва барги сабзи дарахтонро дар майдонҳои калон хӯрда, пеш мераванд. Инчунин баъзе аз минтақаҳои кӯҳии навоҳии тобеи ҷумҳурӣ низ ба чарогоҳи малах табдил ёфтаанд", - афзуд ӯ.
Абрикосы на ветке дерева - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2022
Пайомади боришоти баҳорӣ дар Суғд. Деҳқонон бонги хатар мезананд
Вай изҳор доштааст, ки аз ҳама бештар талу теппаҳои шаҳри Ҳисор таҳти ҳуҷуми малах қарор гирифтаанд.
Аз ҷумлаи мушкилоти мубориза бо ин зараррасонҳо он гуфта мешавад, ки ин ҳашарот тӯли се моҳ зарари худро расонда, пас ба тухмгузорӣ шуруъ мекунад.
"Асосан малахҳо тухмҳои худро дар ҷойҳои дастнорас мегузоранд, ки барои нест кардани онҳо мушкилот пеш меояд", - омадааст дар матлаб.
Олимони соҳаи кишоварзӣ мегӯянд, нисбатан гарму камбориш омадани фасли сармои гузашта барои авҷи ҳар гуна касаливу афзоиши ҳашароти зараррасон мусоидат мекунад ва ӯ зарур медонад, ки тадбирҳо барои пешгирӣ таҳким бахшида шаванд.
Лентаи хабарҳо
0