Бархе истгоҳҳои метрои Маскав дар Рӯзи ғалаба баста мешаванд

Московское метро  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Далели басташавии истгоҳҳои метро дар шаҳри Маскав маъракаи анъанавии "Ҳанги ҷовидон" мебошад, ки баъди зуҳри рӯзи Ҷашни ғалаба баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Ҳафт истгоҳи метрои Маскав ҳангоми "Ҳанги ҷовидон" рӯзи 9 май баста хоҳанд буд, хабар додааст шаҳрдории пойтахти Русия.
Аз ҷумла кори истгоҳҳои "Пушкинская", "Тверская", "Чеховская", "Маяковская", "Охотний Ряд", "Плошад Револютсия" ва "Театралная" мутаваққиф хоҳад шуд.
Дар доираи "Ҳанги ҷовидон" иштирокдорони маросими рӯзи 9-уми май бо акси куҳансарбозони Ҷанги бузурги ватанӣ аз хиёбони Ленинград, кӯчаҳои Тверской, Охотний Ряд ва майдонҳои "Манеж"-у "Сурх" гузашт хоҳанд кард.
Оғози гузашти "Ҳанги ҷовидон" соати 15:00 дар назар буда, ҷамъомади иштирокдорон соати 12:30 дар назар аст. Ба ин маърака метавон аз истгоҳҳои "Динамо" ва "Белорусская" низ пайваст шаванд.
Репетиция воздушной части парада Победы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2022
Маҳдудияти кори фурудгоҳҳои Маскав ба далели тамрини гузашти ҳавопаймоҳои низомӣ
Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар фазои Маскав низ барои як муддат дар қабулу гусели ҳавопаймоҳо маҳдудият ҷорӣ мешавад.
Ба иттилои манбаъ, маҳдудиятҳо ба далели тамриноти гузашти ҳавоӣ дар 7 май дар назар аст. Ҳамчунин кори фурудгоҳҳо дар рӯзи Иди ғалаба низ маҳдуд мешавад.
Таъкид шудааст, ки дар ин рӯзҳо кори Шереметево аз соати 10:40 то 11:05, Домодедово, Раменское ва Остафево аз 10:55 то 11:20, Внуково аз 10:50 то 11:15 маҳдуд мегардад.
Тағйирот ҳамчунин дар кори фурудгоҳи шаҳри Калуга - Грабтсево аз 09:40 то 10:40 ворид карда мешавад.
Гузаштҳои ҳавоӣ бахшида ба 77-умин солгарди Рӯзи ғалаба инчунин дар шаҳрҳои Санкт-Петербург, Мурманск, Калининград ва Хабаровск дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0