Лавров гуфт, дар Тоҷикистон чанд мактаби нави русӣ боз мешавад

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкМинистр иностранных дел РФ Сергей Лавров
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2022
Обуна шудан
Дар доираи рушди ҳамкориҳои Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон муассисаҳои нави таълимӣ бо забони русӣ ифтитоҳ мешаванд
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 2022 ифтитоҳи 5 мактаби русӣ дар назар аст. Дар ин бора дар матлаби Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, ки ба муносибати 30-юмин солгарди барқарории равобити дипломатӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар “Российская газета” нашр шудааст, гуфта шудааст.

"Сохтмони 5 мактаби таҳсилоти умумӣ бо забони русӣ дар Тоҷикистон идома дорад. Мо интизорем, ки онҳо аз 1 сентябри соли ҷорӣ дарҳои худро ба рӯи хонандагон боз мекунанд", - гуфт вазир.

Вай инчунин қайд кард, ки мактаби муштараки маълумоти умумии русию туркмании ба номи А.С.Пушкин дар Туркманистон шуҳрати калон дорад.
Ба гуфтаи Лавров, таҳсил дар мактабҳои русзабон имкон медиҳад, ки шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо шартҳои баробар ба донишгоҳҳои Русия дохил шаванд.
"Ҳар сол ҳудуди 160 000 шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Русия таҳсил мекунанд, ки 60 000 нафари онҳо аз ҳисоби буҷаи федералӣ дохил мешаванд", - афзуд Лавров.
Қаблан Вазорати маориф ва илми Доғистон барои омӯзгороне, ки мехостанд, дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон кор кунанд, озмун эълон карда буд.
Президентский лицей в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2022
Дар Доғистон барои макотиби Тоҷикистон омӯзгор меҷӯянд: маош 70 ҳазор рубл
Ба мактабҳое, ки дар Тоҷикистон бо дастгирии Русия сохта шудаанд, омӯзгорон ҷалб мешаванд. Ба иттилои манбаъ, маоши омӯзгорон 70 ҳазор рублро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, Алексей Оверчук, муовини нахуствазири Русия ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Русия барои сохтмони муассисаҳои таълимӣ ҳудуди 150 миллион доллар ихтисос додааст.
Интизор меравад, ки ҳамаи 5 муассисаи таълимӣ, ки Русия сохта истодааст, то 1 сентябри соли 2022 ба истифода дода шавад. Мактабҳо дар панҷ шаҳр: Душанбе, Кӯлоб, Бохтар, Турсунзода ва Хуҷанд сохта шудаанд. Ҳар кадоме аз ин муассисаҳо имкони қабул кардани то 1200 донишҷӯро доранд.
Лентаи хабарҳо
0