Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Лукашенко шарти анҷоми сареи низоъ дар Украинаро гуфт

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент РФ В. Путин встретился с президентом Белоруссии А. Лукашенко
Президент РФ В. Путин встретился с президентом Белоруссии А. Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Агар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Украина амр диҳад, ки мухолифатро қатъ кунад, дар як ҳафта муноқиша хотима меёбад, мегӯяд президенти Укриана
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Агар Иёлоти Муттаҳида ба Киев бигӯяд, ки даргириҳоро қатъ кунад, низоъ дар давоми як ҳафта хотима меёбад, гуфт раисҷумҳури Беларус Александр Лукашенко.

"Ҷанг ба ҳеҷ кас лозим нест, он фоидаовар нест. Агар Ҷо Байден бигӯяд: Биёед, бас кунем, дар давоми як ҳафта ҳамааш хотима меёбад", - гуфт президенти Беларус зимни мусоҳиба бо оҷонсии хабарии "Ассошиэйтед пресс".

Дар ин бора РИА "Новости" бо такя ба хадамоти матбуотии кишвардори Беларус хабар медиҳад.
Раҳбари Беларус дар бораи он ки оё раҳбарияти Украина хоҳиши қатъи амалиёти ҷангӣ дар ин кишварро бо роҳҳои дипломатӣ дорад, ибрози назар кард.
"Шояд роҳбарияти Украина мехоҳад, аммо наметавонад. Бо як сабаб наметавонад: зеро имрӯз Зеленский Украинаро раҳбарӣ намекунад. Бигзор, вай аз ман наранҷад, ин нуқтаи назари ман аст, шумо сарварӣ мекунед", - гуфт Лукашенко ба як корманди оҷонсӣ гуфт, ки қароргоҳаш дар ИМА аст.
Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро рӯзи 24 феврал оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро “ҳимояи одамоне номид, ки ҳашт сол боз таҳти таъқиб ва наслкушии режими Киев қарор гирифтаанд.
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд ва то 25 март, онҳо вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро иҷро кардаанд - тавони ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш додаанд.
Ҳадафи асосиро Русия озодкунии Донбасс номид.
Лентаи хабарҳо
0