Мулоқоти генерал Раҳимзода бо сафири Фаронса дар Душанбе

© Sputnik / Амир ИсаевМинистр МВД РТ Рамазон Рахимзода, архивное фото
Министр МВД РТ Рамазон Рахимзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Мубориза бо терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ аз мавзуъҳои муҳими суҳбати генерали тоҷик ва дипломати фаронсавӣ буданд
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Генерал-полковник Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон ва Мишел Тарран, сафири Фаронса дар Душанбе густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кардаанд.
Тибқи иттилои ВУД, Раҳимзода Рамазон Мишел Тарранро бо таъйин гардиданаш ба ин вазифаи пурмасъулияти дипломатӣ шодбош гуфта, дар иҷрои вазифаҳои хидматияш барору комёбиҳо таманно кардааст.

"Дар мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба, аз қабили мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд", - омадааст дар иттилоия.

Ҷонибҳо ҳамчунин дар мавриди таҳдиду хатарҳои дигари замони муосир, аз қабили ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ва пешгирию муборизаи дастаҷамъӣ дар ин хусус табодули афкор намудаанд.
ВУД мегӯяд, Раҳимзода ва Тарран омодагии худро барои боз ҳам рушду густариш додани ҳамкориҳо баён доштаанд.
Президент Франции Эммануэль Макрон и президент Таджикистана Эмомали Рахмон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2022
Раҳмон президенти тозаинтихоби Фаронсаро ба Тоҷикистон даъват кард
Тоҷикистону Фаронса моҳи марти соли равон 30-солагии барқарор кардани муносибати дипломатияшонро таҷлил намуданд. Ҷонибҳо ҳавасмандияшонро барои таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла иқтисоду энергетика баён доштанд.
Феълан дар қаламрави Тоҷикистон бархе ширкатҳои фаронсавӣ фаъолият мекунанд. Аз ҷумла гипермаркети "Ашан", созмони ҷамъиятии "Acted" ва маркази фарҳангии "Бохтар", ки дар Душанбе фаъоланд.
Барои таҳкими бештари ҳамкориҳо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни шодбошии Эммануэл Макрон, президенти тозаинтихоби Фаронса ӯро барои анҷоми сафари расмӣ ба Душанбе даъват кард.
Лентаи хабарҳо
0