Талаби нозиёни "Азовстал" дар бораи иваз кардани шаҳрвандон бо озуқа

Азовсталь  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Миллатгароёни "Азовстал", ки тайи чанд муддат аст, дар муҳосиранд, таклиф кардаанд, ки шаҳрвандони бо онҳобударо бо маводи озуқа ва доруворӣ иваз кунанд
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Ҷангҷӯёни украинӣ, ки дар "Азовстал" маскан гирифта буданд, пешниҳод карданд, ки мардуми осоиштаро ба ғизо ва дору иваз кунанд. Дар ин бора ба РИА "Новости" намояндаи Ситоди амалиёти озодкунии ин корхона хабар додааст.
Ҳамсуҳбати агентӣ гуфтааст, бояд бо нозиёни "Аазов", ки дар он ҷо маскан гирифтаанд ва намояндагони артиши Украина ба манфиати наҷоти шаҳрвандони дар он ҷомонда, алоқа дошта бошанд.

"Дар рафти гуфтушунид ба мо таклиф карданд, ки сокинони осоиштаи гаравгонро бо озуқа ва дору иваз кунем. Шарти зикргардидаи созиш понздаҳ гаравгон барои як тонна ғизо ва инчунин доруворӣ мебошад", - афзуд манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, нозиён ҳушдор додаанд, ки ҳеҷ каси дигарро иҷозат намедиҳанд, ки ба Украина ворид шавад ва акнун танҳо онҳоро иваз мекунанд.
Ҳоло, ба гуфтаи ӯ, дар таҳхонаҳои корхона беш аз 200 шаҳрванди осоишта, аз ҷумла занону кӯдакон ва пиронсолон метавонанд бошанд.
Намояндаи ситод қайд кард, ки ҳарбиёни рус ҳангоми гуфтушунид бо террористони ДОИШ* дар Сурия бо хамин усул вохӯрда буданд. Онҳо ҳамчунин пешниҳод карданд, ки афроди озодшуда аз рӯи вазн ба ғизо ва дору иваз карда шаванд.
Продолжается освобождение Мариуполя - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2022
Эҳтимоли асорати 200 сокини осоишта дар "Азовстал"
Нерӯҳои Русия ва ҶМД рӯзи 7 март Мариуполро муҳосира карданд. 21 апрел Шойгу эълом дошт, ки шаҳр комилан озод шудааст, аммо беш аз ду ҳазор ҷангҷӯи баталони миллатгарои "Азов" дар корхонаи “Азовстал” боқӣ мондаанд. Президент Владимир Путин фармон дод, ки ҳамла ба минтақаи саноатӣ қатъ карда шавад, аммо тавре муҳосира шавад, ки пашша нагузарад.
Миллатгароён дар ин корхона шаҳрвандони осоиштаро нигоҳ медоранд, ки нерӯҳои Русия барои раҳоии онҳо долонҳои башардӯстона мекушоянд.
Охири ҳафтаи гузашта зиёда аз сад нафар аз “Азовстал” берун оварда шуданд. Ҳамзамон ҷониби Украина режими хомӯширо вайрон кард, воҳидҳои артиши Русия ва ҶМД маҷбур шуданд, мавқеъҳои тирандозиро пахш кунанд.
Лентаи хабарҳо
0