Харобкориҳои сел дар Тоҷикистон

© Sputnik / Анатолий Устиненко / Гузариш ба медиабонкПоследствия схода селевого потока
Последствия схода селевого потока  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2022
Обуна шудан
Оҷонсии обуҳавошиносӣ қаблан хабар дода буд, ки то рӯзи шашуми май ҳавои Тоҷикистон ноустувор ва боронӣ шуда, хатари фаромадани сел зиёд вуҷуд дорад
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз омадани сели харобиовар дар кишвар хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, боронгариҳои ахир боиси омадани сел дар чандин минтақаҳои Тоҷикистон шудааст.
КҲФ мегӯяд, бар асари фаромадани сел дар минтақаҳои кӯҳии вилоятҳои Хатлону Суғд ва ВМКБ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Танҳо дар ноҳияи Восеъ ва Ҳисор зимни омадани сел чандин сар чорвои сокинони маҳаллӣ талаф ёфт.
Дар Панҷ бар асари омадани сел як пул хароб шуд. Ин пул Панҷро бо пойтахт пайваст мекард. Ҳамчунин сел ба роҳи миёни ноҳияҳои Панҷ ва Ҷайҳун низ осеб расондааст.
Зимнан дар километри 448-уми шоҳроҳи Кӯлоб - Дарвоз - Ванҷ, дар наздикии шаҳраки Хехики ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷи ВМКБ сел фаромада, роҳро муваққатан масдуд намудаааст.
Водохранилище Таджикское море - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2022
"Баҳри тоҷик"-ро барои обхезии эҳтимолӣ омода кардаанд
КҲФ мегӯяд, ин масирро кормандони Вазорати нақлиёт аз лойоба тоза карда, ҳаракати нақлиётро барқарор намуданд.
Ҳамчунин боронгариҳои шадид боиси омадани сел дар баъзе минтақаҳои вилояти Суғд гардид. Аз ҷумла роҳи байни деҳаҳои Мазори Шарифи ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ ва деҳаи Артучи ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент муваққатан масдуд гардид.
Манбаъ меафзояд, феълан ин роҳ низ аз сангу лоиқа тоза шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки КҲФ рӯзи 4 май бо истинод ба Оҷонсии ҳавошиносии кишвар ҳушдор дода буд, ки то рӯзи 6 май ҳавои Тоҷикистон боронӣ мешавад ва хатари омадани сел зиёд мегардад.
Зикр гардид, ки хавфи селфароӣ бештар ноҳияҳои вилояти Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказро таҳдид мекунад.
Манбаъ афзуда, ки барои пешгирӣ кардан аз оқибатҳои нохуши офатҳои табиӣ кормандони кумита дар ҳамдастӣ бо сокинону намояндагони шаҳру ноҳияҳо корҳои соҳилмустаҳкамкуниро ҷоннок намудаанд.
Зимнан аз сокинон низ дархост шудааст, ки барои роҳ надодан ба вайрониҳо бар асари омадани сел сари вақт ҷӯйборҳои назди хонаву заминҳои киштро тоза кунанд.
Лентаи хабарҳо
0