Пешсафии Суғд дар сохтмони хонаҳои истиқоматӣ

© Sputnik Фото новостройки, Душанбе
Фото новостройки, Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар Тоҷикистон давоми 3 моҳи соли ҷорӣ ба масоҳати умумии 250,4 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ сохта шудаанд, ки нисбат ба соли гузашта бештар аст
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон сохтмони манзилҳои истиқоматӣ афзоиш ёфтааст ва дар ин росто вилояти Суғд пешсаф аст.
Ҳамин тавр дар се моҳи аввали соли равон дар Тоҷикистон ба масоҳати умумии 250,4 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ сохта ба истифода дода шуданд.
Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 16% бештар буда, 116,7%-ро ташкил медиҳад. Дар ин бора додаҳои Агентии омори назди Ҳукумати Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
Бино ба гузориши манбаъ, дар моҳҳои январ-марти соли равон аз рӯи ба истифода додани биноҳои истиқоматӣ вилояти Суғд ҷойи аввалро ишғол мекунад.
Дар шимоли Тоҷикистон масоҳати манзилҳои ба истифода додашуда 86,1 ҳазор метри мураббаъ ё 34,3 фоизро ташкил медиҳад.
Ключи от дома - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2022
Беш аз ҳазор сокини фақир дар Хуҷанд ба манзил ниёз дорад
Дар ҷойи дуюм вилояти Хатлон бо 81,1 ҳазор метри мураббаъ ё 32,4 фоиз қарор дорад.
Дар Душанбе 41,5 ҳазор метри мураббаъ ё 16,6% ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 41,7 ҳазор метри мураббаъ ё 16,7% биноҳо сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон Кодекси нави манзили кишварро имзо кардааст.
Маҷмуи нави қонунҳо асосҳои гирифтани манзил, истифода бурдани он, адои хидмати маишии аҳолӣ, нигоҳ доштани фонди манзили давлатиро танзим мекунанд.
Дар Тоҷикистон суръати сохтмони манзил суст шуд
Қайд карда шуд, ки мақсади асосии Кодекси нави манзил инкишоф додани сохтмони манзил дар кишвар мебошад.
Қобили зикр аст, ки дар соли 2021 дар Тоҷикистон барои сохтмони манзил қариб 14,8 миллиард сомонӣ сарф шуда, дар масоҳати 1 миллиону 430 ҳазор метри мураббаъ амволи ғайриманқул бунёд шудааст.
Лентаи хабарҳо
0