Қодиров гурӯҳи нави ихтиёриёни чеченро ба Украина фиристод - видео

© Пресс-служба главы Чеченской Республики / Гузаштан ба хазинаи аксСборы военных в Грозном
Сборы военных в Грозном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Аз Чеченистон гурӯҳи нави низомиён барои пайваст шудан ба амалиёти вижаи Русия дар Украина ба он кишвар фиристода шуданд
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Рамазон Қодиров, раисҷумҳури Чеченистон дар шабакаи "Телеграм"-и худ видеоеро нашр кард, ки як гурӯҳи дигари ихтиёриён барои ширкат дар амалиёти вижа ба Украина рафтаанд.
Дар видео гуфта мешавад, ба ҳар яке аз ихтиёриён дар рӯзи сафар 300 ҳазор рубл ва минбаъд ҳамарӯза 53 доллари амрикоӣ дода мешавад. Ҳамчунин зикр гардид, ки онҳо бо шароити хуб ва се вақт хӯроки гарм таъмин хоҳанд шуд.
Дар видео ҳамчунин рақамҳои телефони тамос барои хоҳишмандони пайваст шудан ба амалиёти Русия дар Украина ҷо дода шудааст.

"Барои мубориза бо фашистон ҳазорон ҷанговари некхоҳ омода ҳастанд. Танҳо як ишора метавонад сафи онҳоро ба миллионҳо нафар расонад. Инро ман ҳамеша таъкид карда будам", - навиштааст Қодиров.

Қаблан Рамазон Қодиров, раисҷумҳури Чеченистон дар бораи омодагии даҳҳо ҳазор ихтиёрӣ аз Чеченистон хабар дода буд, ки мехоҳанд, дар амалиёти вижа барои безарарсозии Украина ширкат кунанд.
"Теъдоди ихтиёриён аз Ҷумҳурии Чеченистон, ки барои иҷрои фармони фармондеҳи олӣ дар Украина омодаанд, ба даҳҳо ҳазор нафар мерасад. Ҳар рӯз нерӯҳои амниятӣ мунтазири чунин фармон ҳастанд", — гуфт Қодиров дар шабакаи "Telegram"-и худ.
Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
"То ё баъди нисфирӯзӣ": Қодиров гуфт, "Азовстал" таҳти назорати артиши Русия мегузарад
Вай афзуд, ин бачаҳо "на дар клавиатура навиштан, балки бо аслиҳаи оташфишони воқеӣ ва дақиқ "навиштан"-ро омӯхтаанд".
"Онҳо ба экрани телефони мобилӣ нигоҳ намекунанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ чизҳои бадахлоқона наменависанд, балки дар ҳаёти воқеӣ, дар майдони ҷанг фармонҳоро хомӯшона иҷро мекунанд. Онҳо дар умури ҳарбӣ таълим гирифтаанд ва интизоранд, ки ҳунари размии худро зудтар нишон диҳанд”, - афзуд Қодиров.
Лентаи хабарҳо
0