Раиси пешини СИМА: Пешбинӣ шуда буд, ки толибон тавоноии таъмини амниятро надоранд

© AP / Khwaja Tawfiq SediqiБоевики Талибана стоят на страже перед международным аэропортом Хамида Карзая после вывода американских войск в Кабуле
Боевики Талибана стоят на страже перед международным аэропортом Хамида Карзая после вывода американских войск в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раиси пешини истихбороти ИМА бо нигаронии дубора аз хушунатҳои ахир дар Афғонистон гуфтааст, пешбинӣ шуда буд, ки толибон тавоноии барқарории амниятро надоранд
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Дэвид Петреус, генерали амрикоӣ ва раиси собиқи СИМА (ЦРУ) дар мусоҳибае гуфтааст, далели афзоиши хушунат озодии ҳазорон нафар аз зиндонҳои Афғонистон тавассути толибон аст.
Ба бовари вай, бо озодии аъзои гурӯҳҳои террористӣ, ин гурӯҳҳо дубора муқтадир шудаанд ва ба ҳамалоташон мепардозанд.
"Ба ёд дошта бошед, мо қаблан ҳарос доштем, ки бо рӯйи кор омадани толибон онҳо тавоноии барқарории амният дар тамоми қаламрави Афғонистонро нахоҳанд дошт. Хушунатҳои ахир ва мунсаҷим шудани гурӯҳҳои мухталиф барои толибон мушкилоти амниятӣ эҷод кардааст" ,- гуфт ӯ.
Забиулла Муджахед - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2022
Муҷоҳид: Ҳич хабарнигоре дар зиндон надорем ва то ҳадди мумкин бо расонаҳо ҳамкорӣ дорем
Мудири пешини СИМА таҷҳизоти амрикоиро, ки дар Афғонистон боқӣ мондааст, нигаронкунанда номид, аммо гуфтааст, ки ин таслиҳот ба андозае, ки гузориш шуда, ҷиддӣ нест.
Гуфта мешавад, ба арзиши ҳафт миллиард доллар таҷҳизоти низомиеро, ки Амрико ба давлати Афғонистон супурда буд, ба дасти толибон расид.
Вазорати дифои Амрико гуфтааст, ки ин таҷҳизот шомили ҳавопаймоҳо, муҳимоти ҳаво ба замин, васоили нақлияи низомӣ, силоҳу таҷҳизоти иртиботӣ аст.
Лентаи хабарҳо
0