Заминҷунбии 4-баллӣ Тоҷикистонро такон дод

© AFP 2023 / OLIVIER MORINСейсмограф
Сейсмограф - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2022
Обуна шудан
Тоҷикистонро субҳи барвақт заминларза такон дод. Мақомоти кишвар гуфтанд, ки ин ларзиш, хушбахтона, дар пай қурбонӣ ва харобӣ надоштааст
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон боз заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар такя ба Пажуҳишгоҳи геология, муҳандисии сейсмологӣ ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад.
Вуқуи ин заминларза субҳи барвақти 5 май, соати 05:05 ба вақти маҳаллӣ сабт шудаааст.
Ба иттилои манбаъ, он бо шиддати 4 бал дар умқи тақрибан 115 километр рух додааст.
Ба гуфтаи сейсмологҳо, маркази заминларза дар 294-километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, 12-километрии шимолу шарқи шаҳри Хоруғ ва 182-километрии шимолу ғарби ноҳияи Лахш, дар қаламрави Тоҷикистон воқеъ будааст.
Шиддати ларзиш дар шаҳри Душанбе бошад, 2 балро ташкил додааст. Хушбахтона, ин ларзиш дар пай қурбонӣ ва харобӣ надоштааст.
Сейсмограф - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2022
Зилзила Рӯшонро такон дод
Маркази зилзилашиносии аврупоии Баҳри Миёназамин (EMSC) бошад, мегӯяд, маркази заминларза дар 284-километрии шимолу шарқи вилояти Кундузи Афғонистон ва 30-километрии шимолу шарқи шаҳри Хоруғи Тоҷикистон сурат гирифтааст.
Ин ниҳод шиддати заминларзаро 5 бал арзёбӣ кардааст.
Чаро Осиёи Марказӣ зуд-зуд "меҷунбад"? посухи КҲФ Ӯзбекистон
Охирин бор дар кишвар 22 апрел ларзиши замин сабт шуда буд, ки шиддати он 4,5 дараҷа арзёбӣ мешуд.
Қаблан гуфта мешуд, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Афғонистон ба феҳристи минтақаҳои аз ҷиҳати сейсмикӣ ноором вориданд.
Лентаи хабарҳо
0