Аёдати ноиби вазир аз 2 собиқадори ҶБВ дар Ашт

© Sputnik Медали ветерана ВОВ
Медали ветерана ВОВ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Мақомдорони бахши тандурустии Тоҷикистон ба аёдати куҳнасарбозони сокини ноҳияи Ашт рафта, кумакпулии президенти кишварро ба онҳо расондаанд
ДУШАНБЕ, 6 май - Sputnik. Дар ноҳияи Ашт ду иштирокчии Ҷанги бузурги ватанӣ давлати пирӣ меронанд, ки аз кумакпулии раисҷмуҳури Тоҷикистон бархурдор гардиданд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии ҳукумати Суғд, дар ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт Қучқор Ҳоҷиматови 95-сола ва Абдуқодир Холматови 97-сола иқомат доранд.
Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамшед Шодихон 15 ҳазор сомонии кумакпулии президентро ба онзҳо расонд. Ҳамчунин раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 6 ҳазор сомонӣ барои онҳо ҷудо кардааст.
Куҳнасарбозон Қӯчқор Ҳоҷиматов ва Абдуқодир Холматов дуо кардаанд, ки дар Тоҷикистон ҳамеша сулҳу субот побарҷо бошад.
Заместитель министра здравоохранения и социальной защиты населения Шодихон Джамшед, начальник управления здравоохранения Согдийской области Хабибулло Хайруллозода и мэр Пенджикента Абдухолик Холикзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2022
Шодихон Ҷамшед ба ягона куҳнасарбози Панҷакент 22 ҳазор сомонӣ кумакпулиро расонд
Қобили зикр аст, ки дар соли 2022 Ҷашни ғалабаро дар Тоҷикистон 59 сарбозе, ки дар набардҳои Ҷанги бузурги ватанӣ ширкат кардаанд, таҷлил хоҳанд кард.
Соли гузашта дар Рӯзи ғалаба дар Тоҷикистон 94 куҳансарбоз дар қайди ҳаёт буд.
Дар маҷмуъ аз Тоҷикистон дар Ҷанги бузурги ватанӣ ҳудуди 300 ҳазор сарбозу афсар ширкат карда, 45 ҳазор нафар дар ақибгоҳ хидмат кардаанд.
Аз ин шумор беш аз 100 ҳазор нафар ба Ватан барнагаштаанд. Беш аз 56 ҳазор нафар сокини кишвар бо медалҳои ҷангӣ қадрдонӣ шудаанд.
Дар баробари ин ба 55 нафари онҳо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ дода шуд. Соли 2022 Тоҷикистон яке аз кишварҳои камшуморе ба ҳисоб меравад, ки дар он роҳпаймоии тантанавии сарбозон баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0