Барои бехатарӣ: ҳукумати Душанбе гуфт, фишори об дар бархе маҳаллаҳо паст мешавад

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкКран в доме
Кран в доме  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2022
Обуна шудан
Шаҳрдории Душанбе аз сокинони пойтахт даъват кардааст, ки аз паст шудани фишори об ба таҳлука наафтанд ва вазъиятро тавзеҳ додааст
ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Дар бархе аз қисматҳои Душанбе, аз ҷумла маҳаллаҳои 82, 101, 102, 112, 83, 84, 103,104, Авул, Қазоқон, Зафар ва аз Зарафшон то дарвозаи Ҳисор фишори об паст мешавад.
Дар ин бора шаҳрдории Душанбе бо нашри як иттилоия хабар додааст.
Манбаъ тавзеҳ дод, ин иқдом ба он хотир аст, ки 6 майи соли равон боридани боронҳои шадид дар назар буда, тирагии об дар канали деревиатсионии Варзоб меафзояд.
"Ҳолати мазкур ба хотири чораандешӣ ҷиҳати коркарду безараргардонии об андешида мешавад. Аз ин лиҳоз аз шаҳрвандон хоҳиш менамоем, ба таҳлука наафтанд ва вазъиятро дуруст дарк намоянд", - омадааст дар иттилоия.
Селевой поток в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2022
Ҳушдори КҲФ аз идомаи боронҳои шадиду хатари селбиёӣ
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки дар ҷумҳурӣ то охири ҳафта ҳаво номусоид боқӣ монда, боронгариҳои шадид пешгӯӣ мешавад.
Кам шудани фишори об дар хонаи сокинони бархе аз маҳаллаҳои Душанбе дар ҳолест, ки қаблан низ қисме аз ин шаҳракҳо беоб монда буданд.
Корхонаи воҳиди давлатии "Обу корези Душанбе" изҳор дошта буд, ба далели садамаи шоҳқубури қутраш 500 мм нуҳ маҳаллаи пойтахт тайи 4 май беоб монда буданд.
Ин мушкил дар минтақаҳои 82, 101, 102, 112 ва маҳаллаҳои Испечак, Қазоқон, Зафар Зарафшон то дарвозаи Ҳисор ҷой дошт, ки бо бартараф шудани оқибатҳои садама ҳал гардид.
Лентаи хабарҳо
0