Марзбонони ӯзбек се шаҳрванди Қирғизистонро паронданд

© Sputnik / Саид Царнаев / Гузаштан ба хазинаи аксАвтомат Калашникова. Архивное фото
Автомат Калашникова. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Оташкушоӣ дар мавзеи Добо-Қӯрғони ҷамоати деҳоти Актами ноҳияи Ала-Бука сурат гирифтааст, аммо то кунун ҷонибҳо сабаб сар задани онро шарҳ надодаанд
ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Марзбонони Ӯзбекистон се шаҳрванди Қирғизистонро тирборон кардаанд, хабар медиҳад, Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон.
Ба иттилои манбаъ, ҳодиса 5 май дар қитъаи сарҳади давлатии Қирғизистону Ӯзбекистон, дар мавзеи Добо-Қӯрғони ҷамоати деҳоти Актами ноҳияи Ала-Букаи вилояти Ҷалолобод сар задааст.

“Шаҳрвандони Қирғизистон – А.К., соли таваллудаш 1974, А.Ж., соли таваллудаш 1998 ва А.Ж, ки захмӣ буданд, ба беморхона оварда шуданд, аммо ба ҳуш наомада, аз захми тир ҳалок шуданд”, - омадааст дар иттилоия.

Гуфта мешавад, ба манзури рӯшан кардани вазъи ҳодиса намояндаи марзбонии Қирғизистон дар самти Ала-Бука фавран бо намояндаи марзбонии Ӯзбекистон дар самти Янги-Қурғон мулоқот анҷом додаанд.
Стрельба из АК-47 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2022
Тирпаронӣ дар марзи Ӯзбекистону Қирғизистон ду кушта бар ҷой гузошт
"Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар пайи анҷоми тафтишоти расмӣ мулоқотро рӯзи 6 май идома хоҳанд дод. Дар бораи ин ҳодиса мақомоти зирабт низ огоҳ карда шуда, корҳои тафтишотӣ оғоз шудааст", - таъкид кардааст манбаъ.
Ин бори аввал нест, ки марзбонони ӯзбек аз силоҳ истифода мекунанд: рӯзи 5 апрел низ ду қирғизистонӣ аз тири марзбонони ҳамсоякишвар ҳалок шуда буданд.
То кунун мақомоти ҳар ду кишвар сабаби ин ҳодисаро расман шарҳ надодаанд.
Лентаи хабарҳо
0