Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Русия ният надорад, дар Украина аз силоҳи ҳастаӣ истифода намояд

© Sputnik / Konstantin Mikhalchevsky / Гузаштан ба хазинаи аксВоеннослужащий РФ на территории Запорожской атомной электростанции
Военнослужащий РФ на территории Запорожской атомной электростанции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазорати умури хориҷии Русия ахиран эълон кардааст, ки артиши рус дар ҷараёни амалиёти вижа дар Украина ният надорад, ки аз силоҳи ҳастаӣ истифода намояд
ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Алексей Зайтсев, муовини мудири Департаменти иттилоот ва матбуоти Вазорати умури хориҷии Русия гуфт, кишвараш дар ҷараёни амалиёти вижаи низомӣ дар қаламрави Украина ният надорад, аз силоҳи ҳастаӣ истифода намояд.
"Мо борҳо маҷбур шуда будем, ки иғвоҳо дар бораи эҳтимоли истифодаи силоҳи ҳастаӣ аз ҷониби Русия дар амалиёти вижаи низомиро рад кунем. Ин дурӯғи маҳз аст", - гуфт Зайтсев дар нишасте дар шаҳри Маскав.
Вай афзуд, Русия қоидаҳоеро, ки “дар ҷанги ҳастаӣ касе ғолиб буда наметавонанд ва набояд аз он истифода кард”, қатъиян риоя мекунад.
“Соли гузашта маҳз Русия тавонист Иёлоти Муттаҳида ва сипас тамоми панҷ кишвари ҳастаиро бовар кунонад, ки пойбандии худро ба ин қоидаҳо бори дигар тасдиқ менамояд", - ёдовар шуд Зайтсев.
Здание Министерства иностранных дел РФ в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2022
ВУХ-и Русия: НАТО тамоми корро анҷом медиҳад, то дар Украина ҷанг идома ёбад
Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро рӯзи 24 феврал оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро “ҳимояи одамоне номид, ки ҳашт сол боз таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд.
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои украинӣ зарба мезананд ва то рӯзи 25 март онҳо вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро иҷро кардаанд - тавони ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш додаанд.
Ҳадафи асосӣ дар Департаменти низомии Русия озодкунии Донбасс номида мешуд.
Лентаи хабарҳо
0