Сафири Украина мардуми Олмонро боз ба ғазаб овард

© MFA of UkraineПосол Украины в Германии Андрей Мельник
Посол Украины в Германии Андрей Мельник - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2022
Обуна шудан
Изҳороти аз ҷиҳати сиёсӣ нодурусти намояндаи дипломатии Украина на танҳо аз ҷониби сиёсатмадорон, балки дар байни олмониҳои оддӣ низ бо танқид рӯ ба рӯ шуд
ДУШАНБЕ, 6 май - Sputnik. Хонандагони сойти олмонии "Die Welt" алайҳи сафири Украина дар Олмон Андрей Мелник дар ҷиҳати радди узрхоҳӣ барои таҳқири садри аъзам Олаф Шолтс "силоҳ" бардоштанд.
Як рӯз пеш дипломат гуфта буд, ки дар ҳоли ҳозир "сухан дар бораи узрхоҳӣ намеравад, балки дар бораи он аст, ки сиёсати дуруст пеш бурда шавад". Баъдан ӯ боз аз Берлин яроқ талаб кард.
Дар навбати худ сокинони Олмон ба чунин суханони тунди намояндаи Украина вокуниши шадид нишон доданд. Бархе аз онҳо пешниҳод карданд, ки то замони иваз шудани сафири Украина ба Киев кумак накунанд.

"Хуб, пас Мелник набояд тааҷҷуб кунад, ки ҳеҷ каси дигар ба таври қонунӣ бо ӯ суҳбат кардан намехоҳад", - гуфтааст Jeff Lebowski, як нафар аз хонандагони сойт.

"Ҳама гуна гузаштҳои минбаъда ба Украина бояд аз талаби иваз кардани сафири Украина оғоз шавад", - навиштааст Peter K.
"Сиёсатмадорони мо набояд бо ин сафир суҳбат кунанд. Мо аз ӯ чизе намехоҳем. Агар ӯро гусел кунанд ва мо иҷрои талаботи Украинаро бас кунем, украиниҳо ба мо сафири нав мефиристанд", - навиштааст Jürgen P.
Дигар корбарон таваҷҷуҳро ба санадҳои ҳуқуқие ҷалб карданд, ки Киевро бо ин кишвар мепайванданд.
"Мағрурӣ ва ботилӣ. Ин сафир бояд шод бошад, ки Олмон ба навъе ба Украина кумак мекунад. Мо муваззаф нестем, ки ин корро кунем", - навиштааст Montgomery.
"Дар омади гап, Конвенсияи Вена дар бораи равобити дипломатӣ, ки Украина низ онро ба тасвиб расонд, ҳар гуна дахолати дипломат ба сиёсати кишвари мизбонро манъ мекунад. Илова бар ин, тибқи он, бояд равобити дӯстона нигоҳ дошта шавад. Мелник ин қоидаҳоро дар як рӯз чанд бор нақз мекунад", - гуфтааст Sophie M.
Олмон хостори ихроҷи сафири Украина шуд
Ин бори аввал нест, ки сафири Украина бо изҳороти ғайридипломатӣ баромад мекунад Ҳамин тавр аз оғози амалиёти вижаи Русия ӯ борҳо аз Берлин талаб кардааст, ки ба Киев силоҳ диҳад ва Иттиҳодияи Аврупоро барои ҳалли сусти масъалаи энержӣ бо Русия интиқод кард.
Илова бар ин Мелник Штайнмайерро ба равобити наздик бо Маскав муттаҳам кард. Матбуоти Олмон бештар ба изҳороти сафир таваҷҷуҳ карда, ба нотавонбинии ӯ таъкид мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0