Ширкати “Спитамен суғурта” ба “Спитамен иншуренс” табдил ёфт

© Sputnik / Амир ИсаевЗдание Душанбе-плаза
Здание Душанбе-плаза - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ширкати бимаи “Спитамен суғурта” ба “Спитамен иншуренс” табдил ёфту аз Бонки миллии Тоҷикистон барои фаъолият то соли 2026 иҷозатнома гирифт
ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз тағйир ёфтани ном ва маҳалли ҷойгиршавии ширкати “Спитамен суғурта” хабар дод.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии Бонки миллӣ, бо қарори раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, ширкати “Спитамен суғурта” ба “Спитамен иншуренс” табдил ёфт.
“ҶДММ ташкилоти суғуртавӣ ва азнавсуғуртакунии “Спитамен иншуренс” барои амалӣ намудани фаъолияти суғуртавӣ тавассути аз нав ба расмият даровардан ба муҳлати то 19 ноябри соли 2025 ва барои амалӣ намудани фаъолияти азнавсуғуртакунӣ ба муҳлати то 21 сентябри соли 2026 иҷозатнома дода шуд”, - таъкид кардааст БМТ.
Отделение банка Амонатбонк - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.02.2022
Мудири "Амонатбонк" худкушии кормандаш дар ҷойи корро шарҳ дод: ба бонк рабт надорад
Ҳамзамон манбаъ илова кардааст, ки иҷозатномаҳои ташкилоти суғуртавӣ ва азнавсуғуртакунии “Спитамен суғурта”, ки бо қарорҳои Бонки миллии Тоҷикистон соли 2021, ки барои амалисозии фаъолияти суғуртавӣ ва азнавсуғуртакунӣ дода шуда буданд, аз эътибор соқит дониста шуд.
Илова бар ин масъулини Бонки миллии Тоҷикистон идораи назорати суғуртавиро барои ворид намудани сабти дахлдор дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта вазифадор кард.
Ёдрас менамоем, ки тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир дар бозори бимаи кишвар 19 ширкати суғуртавӣ фаъолият мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0