Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Дабири кулли СММ аз бурунории ҳудуди 500 нафар аз Мариупол гуфт

© Sputnik / Alexey Kudenko / Гузаштан ба хазинаи аксВид на металлургический комбинат "Азовсталь" в Мариуполе
Вид на металлургический комбинат Азовсталь в Мариуполе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дабири кулли Созмони Милалли Муттаҳид аз бурунории тақрибан 500 нафар аз "Азовстал" ва Мариупол хабар дод. Ин амалиёт мувафақ анҷом шудааст
ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. СММ ва Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар ҷараёни як амалиёти муштарак ҳудуди 500 нафарро аз корхонаи металлургии “Азовстал” дар Мариупол ва ҳамчунин аз худи Мариупол ва манотиқи ҳамсоя тахлия карданд.
Дар ин бора РИА "Новости" бо такя ба дабири кулли СММ Антониу Гутерреш хабар додааст.

"Дар ҷараёни амалиёти муштараки СММ ва Салиби Сурх ду корвон тақрибан 500-нафарӣ аз корхонаи "Азовстал", аз Мариупол ва манотиқи ҳамсоя бо долонҳои амн бомуваффақият ба берун оварда шудаанд", - навиштааст Гутерриш дар саҳифаи "Twitter"-и худ.

Замони эълони Ҷумҳурии Мардумии Донетск дар соли 2014 Мариупол, ки ҳудуди 450 ҳазор аҳолӣ дорад, дувумин шаҳри бузурги ин ҷумҳурӣ пас аз Донетск буд, аммо дар моҳи июни ҳамон сол нерӯҳои амниятии Украина назорат бар Мариупол баргардониданд.
Дым над заводом Азовсталь в Мариуполе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Зиёда аз 200 нафар аз Мариупол берун оварда шуданд
Рӯзи 7 март, пас аз 12 рӯзи оғози амалиёти вижаи Русия барои безараргардонии Украина муовини фармондеҳи баталони "Восток" Александр Семёнов эълом дошт, ки шаҳр муҳосира ва поксозии навоҳии алоҳидаи он шуруъ шудааст.
Намояндаи расмии Вазорати дифои Русия Игор Конашенков рӯзи 16 апрел эълон кард, ки тамоми қаламрави шаҳр аз артиши Украина, зархаридони хориҷӣ ва миллатгароён аз полки "Азов" (нисбати ҷангиёни онҳо дар Русия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст) пок карда шудааст.
Рӯзи сокинони Мариупол чӣ гуна мегузарад? - гузориши тасвирӣ
Роҳи гурӯҳи боқимондаи украинӣ дар корхонаи "Азовстал" баста шудааст ва онҳо аз таслим шудан худдорӣ мекунанд.
Ҷониби Русия пайваста аз ифтитоҳи долонҳо барои интиқоли ғайринизомиён аз корхонаи "Азовстал" дар Мариупол хабар медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0