Яке аз ташаббусҳои асосии Раҳмон дар Тоҷикистон ном бурда шуд

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Сарвари давлат соҳаи маорифро фаъолона дастгирӣ мекунад: ба шарофати ташаббусҳои ӯ сокинони ҷавони ҷумҳурӣ имкони гирифтани дониши баландсифатро доранд
ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф дар ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд.
Ҳамин тариқ сарвари давлат дар ифтитоҳи муассисаҳои таълимӣ ҳузур пайдо карда, ба ташаббусҳои нав дар ин самт ҳамроҳ мешавад.
Масалан, Тоҷикистон аввалин шуда, ба иштирок дар лоиҳаи "Муаллими рус дар хориҷа" ҳамроҳ шуд.

"Дар кишвар, воқеан, ба таълиму тарбияи фарзандони худ, насли наврас таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мешавад. Ин на танҳо дар сатҳи вазорат, балки дар сатҳи президент низ сурат мегирад", — гуфт директори филиали маскавии Маркази байналхалқии таълими "Интердом" Александр Паркин.

Вай дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон қайд кард, лоиҳаи "Муаллими рус дар хориҷа" ба ҷумҳурӣ фоидаи зиёд меорад. Ин пеш аз ҳама барои сокинони ҷавони кишвар имкони гирифтани таҳсилоти босифатро фароҳам мекунад.
Рӯзи Дониш дар шаҳри Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2022
Замони ифтитоҳи мактабҳои нави русӣ дар Суғд маълум шуд
Паркин таъкид кард, ки дар соли 2023 дар мактабҳои Тоҷикистон омӯзгорон аз Русия бештар хоҳанд шуд.
Вай ёдовар шуд, ки лоиҳаи башардӯстона аз ҷониби Вазорати маорифи Федератсияи Русия дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз соли 2017 амалӣ мешавад.
Барнома маъруфият ва рушди васеъ пайдо кардааст. Ба ҷуз аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ин тарҳ ҳамроҳ шуданд. Дар миёни ширкаткунандагони дигар Муғулистон, Ветнам ва Сербистон низ ҳастанд.
Қаноатмандии вазир аз ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон дар соҳаи маориф
"Ҷуғрофиёи забони русӣ ва таваҷҷуҳ ба таълими он дар кишварҳои хориҷӣ афзоиш меёбад", - гуфт Паркин.
Коршинос дар бораи он ки чаро Тоҷикистон аввалин шуда, ба ин лоиҳа ҳамроҳ шуд, сухан ронда гуфт, ҷумҳурӣ барои ин сабабҳои зиёд дорад, ки асосиаш муносибатои неки тарафайн мебошад.
Лентаи хабарҳо
0